Нақши назарраси Иҷлосияи XVI дар худшиносии миллӣ
Душанбе, 12 ноябр. (АМИТ “Ховар”, Дилшодаи Хайруллоҳ).- Дар толори Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 20-умин солгарди баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Иҷлосияи тақдирсоз» конфронси илмию амалӣ доир гардид. Конфронс бо икдоми Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» даъват гардида, дар кори он зиёда аз 180 нафар ҷавони фаъол аз шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе ширкат варзиданд. Дар ҷараёни конфронс вобаста ба мавзуъҳои «Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — зерпояи бинои сулҳ дар Тоҷикистон», «Нақши Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими худшиносии миллӣ», «Баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — марҳалаи ҳассоси Тоҷикистони соҳибистиқлол», «Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон- ниҳоди гиреҳкушо дар пешрафти ҳаёти иҷтимоию иқтисодии мамлакат» ва «Истиқлолият ва ҷавонон» аз тарафи шахсиятхои шинохтаи мамлакат Асрор Латипов – муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Кароматулло Олимов – ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эшбурӣ Эсанқулов – вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ вакили Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигарон дар назди ҷавонон маърӯза намуданд. Дар ҷамъбасти конфронс як гуруҳ ҷавонони фаъол ба сафи ХХДТ пазируфта шуданд. Дар ин бора раиси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон- «Созандагони Ватан» Адҳам Мирсаидов иттилоъ дод.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад






