Пешгирии ду ҳодисаи гардиши маводи мухаддир аз ҷониби КДАМ
Душанбе, 30 ноябр. (АМИТ “Ховар”, Бекназари Абӯбакр). — Кормандони мақомоти амнияти миллӣ дар ҷараёни татбиқи чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди вилояти Хатлон ва Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон 2 ҳодисаи қочоқи маводи мухаддирро ошкор ва пешгирӣ намуданд. Аз маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд, ки бо назардошти хавфу хатари ҷиддии қочоқи маводи мухаддир ба рушди ҷомеа, сулҳу субот ва сиҳатию беҳдошти ҷисмонии шаҳрвандон, кормандони мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар самти муборизаи беамон ба муқобили ин зуҳуроти номатлуб вусъат бахшидаанд. Бо ин мақсад дар минтақаҳои наздимарзӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон чорабиниҳои фаврию ҷустуҷўӣ анҷом дода шуда, аз гардиши ғайриқонунӣ теъдоди калони маводи маргпоши нашъадор мусодира гардиданд. Ҳангоми баргузории амалиёти махсус дар мавзеи сарҳадии Чӯбеки ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ бо гумони даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир шаҳрвандони ҶТ, сокинони деҳаи Чӯбек Воҳидов Суҳроб Худойназарович, соли таваллудаш 1981 ва Абдуназаров Ҷаҳонгир Сангаҳмадович, соли таваллудаш 1988 боздошт шуданд. Дар вақти азназаргузаронии ҷойи ҳодиса 16 килограмму 500 грамм маводи нашъадори чарс, 1 кг бангдона дарёфт ва мусодира гардид. Боиси нигаронист, ки иддае аз шаҳрвандони Тоҷикистон барои даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир бо ҳукми мақомоти судӣ ба муҳлатҳои гуногун аз озодӣ маҳрум мешаванд, вале ба ин нигоҳ накарда, ба ҷойи надомату пушаймонӣ боз дубора ҷиноят содир мекунанд. Чунин нафарон дар баробари сўзонидани ҳаёти шахсӣ, ҳамчунин дар дили пайвандону наздиконашон, махсусан ҷигарбандони худ, доғи якумраи фарзанди одами ҷинояткорро боқӣ мегузоранд. Бо мақсади ба даст овардани даромади муфт, дар ҳолати номуътадилӣ нигоҳ доштани вазъи ҷамъиятию сиёсии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, баъзе аз гуруҳҳои ҷиноятпеша ҳамоно ба қочоқи маводи мухаддир машғуланд. Чунин қонуншиканиҳо аксаран аз ҷониби ҷавонону наврасон, ки ба доми фиреби сарварони гуруҳҳои муташаккили ҷинояткор афтодаанд, содир мешаванд. Рўзи 26 ноябри соли равон кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ҳангоми амалиёти фаврию ҷустуҷўӣ дар маҳаллаи Теми шаҳри Хоруғ Ҷамшеди Муборакшо, соли таваллудаш 1992, Карамшоев Акобиршо Тўтиёевич, соли таваллудаш 1992, донишҷўйи соли сеюми факултаи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии ш. Хоруғ, Сангмамадов Расул Сангмамадович, соли таваллудаш 1993, донишҷӯи факултаи тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғро бо гумони даст доштан дар ҷинояти қочоқи маводи мухаддир аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон тавассути дарёи Панҷ дастгир намуданд.Ҳангоми боздошт аз онҳо як қуттии пластикии яклитра, ки дар дохилаш 150 грамм маводи сахттаъсири героин мавҷуд буд, дарёфт ва мусодира гардид. Аз рўйи ҳодисаи мазкур тибқи моддаҳои 200, қисми 3 ва 289, қисми 2-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот давом дорад.Тибқи нишондоди боздоштшудагон маводи героин бояд бо нархи 350 доллари амрикоӣ харидорӣ мешуд. Аз рўи ҳисоби мутахассисон 150 грамм маводи сахттаъсири героин, дар маҷмуъ 750 адад меъёри истеъмолиро ташкил медиҳад. Яъне, ин миқдор метавонад 750 нафарро ба нашъамандӣ мубтало сохта, оқибат боиси марги онҳо шавад. Яке аз сабабҳои асоситарини нооромиҳои вазъият дар шаҳри Хоруғ моҳи июли соли ҷорӣ дар қатори қочоқи силоҳи оташфишон ва муҳимоти ҷангӣ, инчунин гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, буд, ки дар натиҷа ба оқибатҳои вазнин оварда расонид. Вале, тавре мебинем, гуруҳе аз ҷавонон ба ҷойи таҳсил ва зиндагии шоиста, дидаю дониста даст ба аъмоли нангин мезананд. Онҳо бояд дарк созанд, ки барои содир намудани ҷиноят — қочоқи маводи мухаддир тибқи қонун подоши вазнин муайян гардидааст. Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони огоҳу содиқи ин минтақаи куҳистон изҳори ташаккур менамояд. Маҳз бо кӯмаку мусоидати ҳамин гуна ашхос ҷинояткорон дастгир ва вазъи орому муътадили иҷтимоию сиёсӣ таъмин карда мешавад. Кормандони мақомоти амният дар самти мубориза бар зидди ҷинояткориҳо ба масъулиятшиносӣ ва ватандўстии сокинони сарбаланди вилоят минбаъд низ такя хоҳанд кард.