Риояи Қонуни танзим ба талабот ҷавобгӯ нест

Ноябрь 5, 2012 17:33

Ваҳдат, 5 ноябр. (АМИТ «Ховар», Зебо Давлатова). — Ҳафтаи равон дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Ваҳдат бо иштироки муовинони раисон, раисони ҷамоатҳо, мудирони бахши корҳои динӣ ва намояндагони масҷидҳои панҷвақта аз ноҳияи Файзобод, шаҳри Роғун ва шаҳри Ваҳдат вохӯрӣ доир гардид.Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи корҳои дини назди Ҳукумати ҶТ ва ҳамзамон танзими расму оинҳо дар ҷумҳурӣ Абдураҳим Холиқов, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Марҳабо Олимова, Сулаймон Давлатов- ректори Донишгоҳи исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини раиси шаҳри Ваҳдат Фотима Табарова иштирок доштанд. Зимни вохӯрӣ Абдураҳим Холиқов дар баробари пешравии риояи қонун дар муддати панҷ сол аз камбудиҳо ва надонистани низомномаи қонун аз ҷониби шаҳрвандон изҳори норизогӣ намуда гуфт: «Дар аввал қонун аз ҷониби шаҳрвандон хуб риоя мешуд, аммо бо гузашти вақт дар солҳои охир боз исрофкории зиёд ба назар мерасад, ҳатто барои як тӯйи домодию арӯсӣ ба маблағи 700 доллар истифодаи танҳо як мошини «Лимузин» ба анъана даромадааст. Оё ин бар хилофи қонун нест? Барои як соат нишастани домоду арӯс дар як мошин 700 доллар истифода барем, пас чаро мо рақамҳои бардурӯғро ирсол менамоем? ! Ин суханони барҳақ бори дигар иштирокдорони аҳли толорро ҳушдор дод, ки доир ба ин масъала амиқтар андешанд. Марҳабо Олимова — муовини раиси Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ изҳори ташвиш намуд, ки солҳои охир миёни шаҳрвандон ҷудошавии оилаҳо хеле зиёд шудааст. Танҳо дар 9 моҳи соли ҷорӣ 239 оила аз ҳам ҷудо шудааст, ки сабабаш қарзҳои зиёди оилавии тарафайн ва пардохт карда натавонистани оилаҳо мебошад.Сулаймон Давлатов — ректори Донишгоҳи исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тарбияи ҷавонон дар ҷомеа ва исрофкории шаҳрвандон дар тӯю маъракаҳо, донишу малакаи донишҷӯён изҳори нигаронӣ намуд. Чунин вохӯрӣ дар толори маҷлисгоҳи ҳукумати ноҳияи Рашт бо иштироки раиси Кумитаи корҳои дин ва танзими расму оинҳо Абдураҳим Холиқов, раиси кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Сумангул Тағоева ва дигар намояндагон баргузор гардид, ки дар он намояндагон аз ноҳияҳои Рашту Нуробод, Тавилдараю Тоҷикобод ва ноҳияи Ҷиргатол иштирок доштанд. Дар ин ноҳияҳо низ намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карда, риояи «Қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо»-ро дар муддати 5 сол натиҷагирӣ намуданд.

Ноябрь 5, 2012 17:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд