Рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркия

Ноябрь 21, 2012 17:33

Душанбе, 21 ноябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода ). – 19 ноябр дар шаҳри Истамбул мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, ҳамраиси шӯрои тоҷирони Тоҷикистону Туркия Шариф Саид бо раиси раёсати шӯроҳои тоҷирони АвруОсиё, ҳамраиси шӯрои тоҷирони Туркия ва Тоҷикистон Маҳмуд Эр баргузор гардид.Тавре аз ПСС ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷонибҳо вазъи муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Туркияро мавриди муҳокима қарор доданд. Дар робита бо ин, ПСС Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки соли 2013 дар Тоҷикистон намоишгоҳи амволи Туркия доир карда шавад. Дар ҷараёни мулоқот зикр шуд, ки сарфи назар аз таваҷҷӯҳи доимии ҳукуматҳои ҳар ду кишвар ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, муносибатҳои мавҷудаи байни намояндагони аҳли тиҷорати ҳар ду кишвар бояд бештар такмил дода шаванд. То имрӯз қариб 46 корхонаю ширкати муштарак бо иштироки сармоягузорони Туркия ба қайд гирифта шудааст, ки асосан ба сохтмону тиҷорат машғуланд

Ноябрь 21, 2012 17:33

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ бо донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ баргузор шуд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад