Таъини кадрҳои собиқи «Ховар» дар ТВ «Сафина»
Душанбе, 9 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 ноябр Карими Азиз-сармуҳаррири идораи барномаҳои иттилоотии Муассисаи давлатии /МД/телевизиони «Сафина» /ТВС/муовини аввали директори МД ТВ «Сафина» ва Шоҳона Одинаева — сармуҳаррири идораи барномаҳои иттилоотии шабакаи аввали радиои Тоҷикистон муовини директори МД ТВ «Сафина» таъин шуданд. Карими Азиз фаъолияти меҳнатии худро соли 1977 ба ҳайси омўзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик дар мактаби миёнаи № 18-и ноҳияи Тоҷикобод оғоз намуда, дастпарвари факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (бахши забони форсӣ) аст. Мавсуф солҳои 1981-1982 ба ҳайси тарҷумон дар кишвари Афғонистон фаъолият намудааст. Солҳои 1987-1990 вазифаи хабарнигори «ТоҷикТА» (ҳоло АМИТ «Ховар»)-ро ба уҳда доштааст ва солҳои 1990-1993 ба сифати котиби масъули ҳафтаномаи «Оинаи зиндагӣ», солҳои 1993-2000 ба ҳайси муҳаррири идораи барномаҳои иттилоотии Кумитаи радио ва телевизион фаъолият кардааст. Карими Азиз муддати 7 сол (2000-2007) дар созмони байналмилалии «Internews Network» ва созмони ҷамъиятии«Хома» кор карда, солҳои 2007-2008 сармуҳарририи идораи иттилоотии Симои мустақили Тоҷикистонро /СМТ/ ба уҳда дошт. Инчунин муддати 1 сол дар палатаи поёнии парлумони мамлакат — Маҷлиси намояндагон ба ҳайси сармутахассис ифои вазифа кардааст. Шоҳона Одинаева хатмкардаи Донишгоҳи давлатии шаҳри Кўлоб буда, фаъолияти рўзноманигориашро ба ҳайси хабарнигор дар шуъбаи ҷамъиятию сиёсии АМИТ «Ховар» дар соли 1997 оғоз намудааст. Вай муддати 16 сол дар Кумитаи радио ва телевизиони назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар вазифаҳои котиби масъул, сармуҳаррири «Садои Душанбе» ва идораи барномаҳои иттилоотии шабакаи аввали Радиои Тоҷикистон фаъолият кардааст.Бояд тазаккур дод, ки қаблан дар вазифаи муовини аввал ва муовини директори ТВ «Сафина» Абдурашид Хуҷамқулов ва Шаҳло Насриддинова ифои вазифа менамуданд. Чанд рӯз қабл А. Хуҷамқулов директори шабакаи аввали Радиои Тоҷикистон ва Ш. Насриддинова сармуҳаррири маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» таъин гардиданд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ бо донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ баргузор шуд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






