Тасдиқи «Барномаи давлатии қарзгирии берунии ҶТ барои солҳои 2013–2015»
Душанбе, 29 ноябр. (АМИТ «Ховар»).-28 ноябри соли 2012 дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум “Барномаи давлатии қарзгирии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015” тасдиқ гардид. Дар ҷаласаи мазкур муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев сухан гуфт. Аз ҷумла қайд намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии давлат саъю кушишҳои зиёдеро ба харҷ дода, афзалиятҳои стратегии ҷумҳуриро дар амал татбиқ намуда истодааст. Бо назардошти имкониятҳои маҳдуди молиявии ҷумҳурӣ ва Буҷети давлатӣ барои маблағгузорӣ намудани соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёт ҳамасола «Барномаи давлатии қарзгирии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия мегардад. «Барномаи давлатии қарзгирии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013–2015» дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қарзгирии давлатӣ ва қарзе, ки аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад» ва «Стратегияи идоракунии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012–2014» таҳия шуда, барои баррасӣ ба Шумо пешниҳод гардидааст. Мақсади асосии «Барномаи давлатии қарзгирии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013–2015»-ин пеш аз ҳама баланд бардоштани самаранокии идора ва назорат дар самти ҷалби қарзҳои хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳ надодан ба андӯхти назоратнашавандаи қарзҳои беруна буда, барои ҳадафҳои афзалиятноки рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ, аз ҷумла раҳо намудани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ, таъмини бехатарии озуқаворӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ равона гардидааст. Барномаи мазкур 41 лоиҳаи қарзии амалкунанда ва 29 Созишномаи қарзии дар сатҳи лоиҳавӣ қарордоштаро дар бар гирифта, арзиши умумии онҳо 1 576,14 млн. долл. ИМА-ро ташкил медиҳад, ки он дар буҷети давлатии миёнамуҳлати солҳои 2013-2015, ки аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон ду ҳафта пеш қабул гардида буд, пурра ба инобат гирифта шудаанд. Дар давраи миёнамуҳлат азхудкунии маблағҳои қарзӣ дар ҳаҷми 557,3 млн. долл. ИМА пешбинӣ гардидааст, ки ин 39,8 фоизи ҳаҷми умумии лоиҳаҳои муштараки инвеститсиониро ташкил медиҳад, аз ҷумла: то охири соли 2012 — 95,89 млн. долл. ИМА (1,3 % нисбати ММД), дар соли 2013 – 187,87 млн. долл. ИМА (2,2 % нисбат ба ММД), дар соли 2014 – 145,82 млн. долл. ИМА (1,5 % нисбати ММД), Дар соли 2015 – 127,70 млн. долл. ИМА (1,2 % нисбати ММД) дар назар дошта шудааст. Ҷалби маблағҳои қарзӣ дар асоси «Стратегияи баланбардории некӯаҳволии мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаҳои миёнамуҳлати рушди институтҳои молиявии Бонки Умумиҷаҳонӣ, Бонки Осиёгии Рушд, Бонки Исломии Рушд, Фонди Саудии Рушд, Фонди Қувайтии Рушд, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Бонки Содироту Воридотии Хитой ва Бонки Аврупоии Сармоягузорӣ амалӣ мегарданд. Ба Барнома қарзҳои зерин дохил карда шудаанд: Бонки Умумиҷаҳонӣ – 3 созишномаи қарзии амалкунанда ба маблағи 41,3 млн. долл. ИМА, Бонки Осиёии Рушд – 4 созишномаи қарзии амалкунанда ба маблағи 76 млн. долл. ИМА, Бонки Исломии Рушд – 8 созишномаи қарзии амалкунанда ва 14 созишномаи қарзӣ мавриди баррасӣ қарордошта ба маблағи 289,3 млн. долл. ИМА;Фонди Саудии Рушд – 3 созишномаи қарзии амалкунанда ба маблағи 41,7 млн. долл. ИМА;Фонди Қувайтии Рушд – 2 созишномаи қарзии амалкунанда ба маблағи 32,1 млн. долл. ИМА;Фонди Абу-Дабӣ –1 созишномаи қарзии амалкунанда ба маблағи 15 млн. долл. ИМА;Фонди Созмони давлатҳои содиркунандаи нафт (ОПЕК) – 4 созишномаи қарзии амалкунанда ва 1 созишномаи қарзӣ мавриди баррасӣ қарордошта ба маблағи 47,4 млн. долл. ИМА;Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд – 7 созишномаи қарзии амалкунанда ва 7 созишномаи қарзии мавриди баррасӣ қарордошта ба маблағи 117,9 млн. долл. ИМА;Бонки содироту воридотии Хитой – 6 созишномаи қарзии амалкунанда ва 5 созишномаи қарзии мавриди баррасӣ қарордошта ба маблағи 830,7 млн. долл. ИМА;Ҷумҳурии Фаронса – 1 созишномаи қарзии амалкунанда ба маблағи 24,6 млн. долл. ИМА;Ҷумҳурии Федеративии Олмон – 1 созишномаи қарзии амалкунанда ба маблағи 22,2 млн. долл. ИМА, Бонки аврупоии сармоягузорӣ – 1 созишномаи қарзии амалкунанда ва 2 созишномаи қарзии мавриди баррасӣ қарордошта ба маблағи 37,9 млн. долл. ИМА. Барномаи қарзгирии беруна барои рушди соҳаҳои зерини иқтисодиёт равона карда мешавад: Соҳаи кишоварзӣ 6 лоиҳаи амалкунанда ва 3 лоиҳаи нави қарзӣ дар ҳаҷми 106,6 млн. доллари ИМА ё 6,8 фоизи ҳаҷми умумии қарзҳои ҷалбшаванда. Соҳаи тандурустӣ 3 лоиҳаи амалкунанда ва 1 лоиҳаи нави қарзӣ дар ҳаҷми 36,7 млн. доллари ИМА ё 2,3 фоизи ҳаҷми умумии қарзҳои ҷалбшаванда. Соҳаи маориф 3 лоиҳаи амалкунанда дар ҳаҷми 43,4 млн. доллари ИМА ё 2,8 фоизи ҳаҷми умумии қарзҳои ҷалбшаванда. Соҳаи энергетика 9 лоиҳаи амалкунанда ва 8 лоиҳаи нави қарзӣ дар ҳаҷми 403,3 млн. доллари ИМА ё 25,6 фоизи ҳаҷми умумии қарзҳои ҷалбшаванда. Соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия 15 лоиҳаи амалкунанда ва 7 лоиҳаи нави қарзӣ дар ҳаҷми 861,56 млн. доллари ИМА ё 54,7 фоизи ҳаҷми умумии қарзҳои ҷалбшаванда. Соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ 5 лоиҳаи амалкунанда ва 9 лоиҳаи нави қарзӣ дар ҳаҷми 79,6 млн. доллари ИМА ё 5,1 фоизи ҳаҷми умумии қарзҳои ҷалбшаванда ва дигар соҳаҳои иқтисодёти кишвар 1 лоиҳаи қарзӣ барои қарздиҳии хурд дар ҳаҷми 45,0 млн. доллари ИМА ё 2,9 фоизи ҳаҷми умумии қарзҳои ҷалбшавандаро ташкил медиҳад. Мавриди қайд аст, ки татбиқи 35 лоиҳаи амалкунанда барои беҳтар намудани соҳаҳои инфрасохторӣ (кишоварзӣ, нақлиёт, энергетика, хоҷагии манзилию коммуналӣ) нигаронида шудаанд, ки дар оянда имконияти баргардонидани қарзҳо аз ҳисоби даромадҳои ин соҳаҳо амалӣ мегардад. Ҳамаи қарзҳои дар Барнома дарҷгардида имтиёзнок буда, барои давраи дарозмуддат аз 20 то 40 сол дода мешаванд, меъёри фоизҳо аз 0,15 фоиз то 2 фоизи солонаро ташкил дода, давраҳои имтиёзнок аз рӯи баргардонидани қарзҳои асосӣ аз 3 то 20 солро дар бар мегиранд ва ҳамаи онҳо дорои зиёда аз 35% элементи грантӣ мебошанд. Дар доираи ҷалби қарзҳои имтиёзнок инчунин ҷалб намудани маблағҳои грантӣ барои татбиқи лоиҳаҳои муштараки инвеститсионӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон диққати ҷиддӣ дода мешавад, ки мақсади асосӣ дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ мебошад. Дар маҷмӯъ барои татбиқ намудани лоиҳаҳои муштараки инвеститсионӣ ҷалби маблағҳои грантӣ дар давраи миёнамуҳлат 624,8 млн. долл. ИМА-ро, ки ин 54,0 фоизи ҳаҷми умумии лоиҳаҳои муштараки инвеститсиониро ташкил медиҳад, аз ҷумла: Соҳаи кишоварзӣ ва обёрӣ дар ҳаҷми – 60,8 млн. долл. ИМА ё 9,7 фоизи ҳаҷми умумӣ, соҳаи тандурустӣ дар ҳаҷми – 6,3 млн. долл. ИМА ё 1,0 фоиз, соҳаи маориф дар ҳаҷми – 9,5 млн. долл. ИМА ё 1,5 фоиз, соҳаи энергетика ва саноат дар ҳаҷми – 196,1 млн. долл. ИМА ё 31,4 фоиз, соҳаи нақлиёт дар ҳаҷми – 206,5 млн. долл. ИМА ё 33,1 фоиз, соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ дар ҳаҷми – 109,4 млн. долл. ИМА ё 17,5 фоиз, соҳаи ҳокимият ва идоракунии давлатӣ дар ҳаҷми – 12,6 млн. долл. ИМА ё 2,0 фоиз, ва дигар соҳаҳои амалкунанда дар ҳаҷми 23,6 млн. долл. ИМА ё 3,8 фоизро ташкил медиҳад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди самаранок ва мақсаднок истифода бурдани қарзҳои ҷалбшаванда барои боз ҳам вусъат бахшидани рушди устувори соҳаҳои иқтисодиёт чораҳои зарурӣ меандешад ва ин дар оянда ба ғанӣ гардонидани Буҷети давлатӣ, таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва устувор нигоҳ доштани иқтисодиёти давлат, паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани сатҳи иқтисодӣ-иҷтимоии некӯаҳволии халқ мусоидат хоҳад кард. Ҳангоми бомуваффақият татбиқ намудани лоиҳаҳои зикргардида таъмини рушди реалии иқтисодиёт баланд гашта, муътадилии вазъи макроиқтисодӣ беҳтар гардида, расидан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсолаи 2015 барои кишварамон мусоидат менамояд.