Таъсиси Коалитсияи ҷамъиятӣ оид ба мубориза бар зидди нашъамандӣ

Ноябрь 16, 2012 15:35

Душанбе, 16 ноябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Семинари «Таъсиси Коалитсияи ҷамъиятӣ оид ба мубориза бар зидди нашъамандӣ», ки дар маҷлисгоҳи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ду рӯз идома дошт, ба кори худ поён дод. Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ҳадафи семинар ҷустуҷӯи роҳҳои самараноки таъсир дар раванди пешгирӣ аз нашъамандӣ, пешниҳоди маълумот, машваратҳои таълимӣ барои такмили ихтисоси кормандоне, ки дар ин самтҳо кор мебаранд ва дастрасии васеъ ба иттилоот буд. Тӯли ду рӯз 30 нафар аз созмону ташкилотҳои давлативу ғайридавлатӣ дарсҳои назариявӣ омӯхтанд ва ҳамзамон он донишҳоро амалан татбиқ намуданд. Наргис Алиёрова, нозири Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд: «Омезиши назария бо амалия аз махсусияти семинари мазкур буд. Донишҳои зиддинашъамандӣ ҳам бояд ҳар рӯз такмил ёбанд ва ҳар қадар ин гуна семинарҳо зиёд бошанд, ба ҳамон андоза теъдоди касоне, ки дар самти пешгирӣ аз нашъамандӣ кор мебаранд, меафзояд».

Ноябрь 16, 2012 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад