Вохӯрии «Истаравшан» ва «Энергетик» пеш аз мӯҳлат анҷом ёфт
Душанбе, 9 ноябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Вохӯрии даври 24 – уми мусобиқоти Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои лигаи олӣ — «Истаравшан» ва «Энергетик», ки 8 ноябр дар варзишгоҳи нави шаҳри Истаравшан баргузор гардид, бинобар хархаша ба миён овардани футболбозони дастаи «Энергетик», пеш аз мӯҳлат анҷом ёфт.Ин вохӯрӣ дар дақиқаи 81 – ум ҳангоми 1:1 будани ҳисоби бозӣ қатъ гардид. Ба фикри бозингарони дастаи «Энергетик» тӯбро бо вайрон кардани қоидаҳои бозӣ ба дарвозаашон ворид намудаанд. Дарвозабони дастаи «Энергетик» Миралӣ Муродов аз қарори сардовари мусобиқа Баҳром Саъдуллоев норозӣ шуда, дар ҳаққи ӯ суханҳои қабеҳ гуфта ва доварро тела дод. Баъди ин довари мусобиқа ба дарвозабони дастаи «Энергетик» корти сурхро нишон дода, ӯро аз майдони бозӣ берун кард. Дере нагузашта, довари мусобиқа ба ҳимоятгари дастаи «Энергетик» Сафархон Мирзоев барои рафтори ношоистааш корти сурхро нишон дод. Бозингарони дастаи «Энергетик» аз ин қарори довар норозӣ шуда, ба ӯ ҳамла оварданд ва доварро лату кӯб карданд. Баъди ин довар Баҳром Саъдуллоев тасмим гирифт, ки бозиро қатъ намояд.Кумитаи назоратию интизомии Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ҷаласаи худ гузориши нозирони вохӯрӣ ва доварҳоро шунида, дар мавриди ин бозӣ қарор қабул мекунад.Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






