Ҳавасмандии ИМА ба сармоягузорӣ дар Тоҷикистон
Душанбе, 7 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов ҷиҳати баррасии масоили рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сармогузорӣ миёни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири ИМА дар Тоҷикистон хонум Сюзан Эллиот мулоқот намуд.Д. Саидов оид ба фазои мусоиди сармоягузорӣ ва тадбирҳои амалишаванда ва минбаъдаи Ҳукумати мамлакат барои беҳтар намудани он маълумот дода, зикр намуд, ки дар айни ҳол Тоҷикистон ба узвияти Конвенсияи СММ дар бораи эътироф ва мавриди иҷро қарор додани қарорҳои арбитражии хориҷӣ, ки аз 10 июни соли 1958 дар шаҳри Ню-Йорк қабул шудааст, ворид гардид ва барои ворид шудан ба Созмони умумиҷаҳонии савдо қадамҳои устувор мегузорад.Сафир заминаву дастовардҳои муфидро дар рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр карда, таъмини ҷараёни босуботгардонии иқтисодиётро ҳамчун кафили бехатарии давлат аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тарафдорӣ намуд. Ӯ қайд кард, ки ИМА ҷиҳати ҷалби сармоягузорони амрикоӣ ба Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ба Тоҷикистон ташаббус нишон медиҳад. Барои суръат бахшидани ҳамкориҳо ва татбиқи лоиҳаҳои мухталиф имконияти ҷалби ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ, ки аз ҷониби ИМА маҷмўи зиёди сармоя ба ташкилотҳои мазкур сафарбар карда мешаванд, мавҷуд аст. Аз Кумитаи сармоягузорӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар маҷмуъ тарафҳо як қатор масъалаҳо, аз қабили самтҳои эҳтимолии ҳамкориҳо дар мавриди таъмини бехатарии энергетикӣ ва моҳияту зарурати лоиҳаи минтақавии CASA-1000, таъмини бехатарии озуқаворӣ бо назардошти суръат бахшидани ҳамкориҳо бо USAID, инчунин тадбирҳои боз ҳам беҳтар гардонидани фазои сармоягузориро мавриди баррасӣ қарор доданд.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






