Ҳифзи ҳуввияти миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ
Душанбе, 8 декабря. (АМИТ «Ховар», Покиза Махмадбекова). – Чанде қабл Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маҷлиси ботантанаи бахшида ба 20-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаш самти муҳимро таъкид намуд. Самти шашуми он — ҳифзи ҳуввияти миллӣ дар шароити ҷаҳонишавист. Ҷиҳати равшанӣ андохтан ба паҳлуҳои мухталифи ин масъала мухбири АМИТ «Ховар» бо муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров ҳамсуҳбат шуд. С. Сафаров зикр намуд, ки Президенти кишвар дар иҷлосия XV1- тақдирсоз ба масъалаҳои ҳуввиятсозӣ, давлатсозӣ ва миллатсозии кишвари мо диққати ҷиддӣ дода, таъкид кард, ки бояд дар шароити имрӯз ба масъалаҳои миллӣ диққати ҷиддӣ диҳем. Аз чанд самте, ки Президент ҷудо намуд, барои баҳо додан ба масоили миллӣ, бахусус самти ҳифзи ҳуввияти миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ хеле ҷиддӣ ба назар мерасад. Вақте ки ҷаҳонишавӣ ҳамчун як раванди иҷтимоию сиёсӣ, умуман идеологӣ дар тамоми дунё паҳн мешавад ва тамоми кишварҳоро фаро мегирад ва ба фарҳангҳои миллӣ таъсиргузор мешавад, ба онҳо фишор меорад, дар ин ҳолат ҳар як миллате, ки давлат дорад, барои ҳифзи ҳуввияти худ ҷаҳду талош менамояд. Масъалагузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз чанд ҷиҳат аҳамияти хеле ҷиддӣ дорад. Пеш аз ҳама, аз ҷиҳати сиёсӣ, чунки Тоҷикистон ҳамчун як давлати миллӣ бояд мавқеи худашро дар ҷаҳони имрӯза ёбад, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамроҳ шавад ва дар он мақоми хос дошта бошад. Аз тарафи дигар, Тоҷикистон бояд ҳуввияти миллии худашро нигох дорад, фарҳанги миллиашро тавсеа бахшад, бо фарҳанги қадимаи миллиаш пайванд созад ва барои ба вучуд овардани як фарҳанги миллии сатҳи ҷаҳонӣ саъю талош кунад. Ва аз тарафи дигар, вакте ки мо ба ҳуввияти миллӣ диққат мекунем, мебинем, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ рушди интернет ва умуман технологияи иттилоотӣ новобаста аз хоҳиши ин ё он миллат онҳоро зери фишор мегирад ва барои вайрон шудани бисёре аз сохторҳои фарҳангии халқҳои кӯчак таъсири бад мерасонад. Интернет аз як ҷиҳат барои миллатҳои кӯчак як роҳест, ки ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, ба фарҳанги ҷаҳонӣ онҳоро пайванд мекунад. Аз тарафи дигар, бояд, ки ҳар як давлат, ҳар як миллат масоили ҳифзи мероси фарҳангӣ ва арзишҳои миллии худро бояд ба назар гирад ва барои ҳифзи онҳо диқкат диҳад ва сиёсати худро маҳз ба ҳифзи онҳо нигаронад. Сарвари давлат дар баромади худ таъкид намуд, ки имрӯз дар раванди ҷаҳонишавӣ ҷомеа бо омӯзиши босуръати арзишҳо, андешаҳо ва фарҳангҳо рӯбарӯ мебошад. Мо ҳаргиз мухолифи бо ҳам наздик шудани фарҳангу тамаддунҳо ва шинохти ҳамдигар нестем, зеро ин як раванди табиӣ мебошад. Яъне, барои мо миллатгароӣ, фанатизми динӣ, нажодпарастӣ — ин чизҳо ғайри қобили қабул мебошанд ва мо пеш аз ҳама бояд фарҳанги худамонро ҳифз кунем. Бояд таъкид кард, ки омӯзишу қаробат дар шароити нобаробари сиёсию иқтисоди технологӣ мегузарад, яъне шароит дигар аст ва ин бисёр вақт хусусияти якҷониба мегирад. Ҷомеаҳои аз назари технологӣ заифтар таҳти таҳдиди шадиди фарҳангҳои давлатҳои пурқувват мебошанд. Абарқудратҳои замони ҳозир манфиатҳои кишварҳои майдаро ба назар намегиранд. Барои ҳамин кишварҳои нисбатан кӯчак ҳам бояд, ки бо мақсади ҳифзи ҳуввияти худ, истиқлолияти худ барномаҳои бисёр густурдае дошта бошанд. Ин барномаҳо ҳам аз нуқтаи назари ҳифзи саломатии онҳо, яъне саломатии ин ё он миллат ва ҳам аз нуқтаи назари маорифи ин ё он миллат ва ҳам аз нуқтаи назари сиёсати фарҳангӣ ба ҳифзи мероси фарҳангӣ такя кунанд. Мо бояд ба суханронии Президенти кишварамон диққат диҳем, ки дар он ҷо омадааст: арзишҳои асили миллии мо низ зери хатар мебошанд ва маҳз бо назардошти ин воқеият, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ ва ҳуввияти миллии мо ба дастгирии ҳамаҷонибаи ҷомеа ва давлат ниёз доранд. Дар ин ҷо Президенти кишвар на танҳо нақши давлатро таъкид кардааст, балки нақши ҷомеаро ҳам таъкид кардааст, ки ҷомеа бояд бедор бошад ва ин албатта, пеш аз ҳама ба зиёиёни кишвари мо нигаронида шудааст. Онҳо бояд дар ҳифзи ҳуввияти миллии худ, дар ҳифзи фарҳанги миллии худ хушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд. Як чиҳати дигар ин аст, ки мо бояд пеш аз ҳама як давлати созанда бошем, ба мисли аҷдодони худ фарҳанге созем, ки вай барои тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ мувофиқ бошад, қобили қабул бошад. Мо бояд кадрҳое тарбия кунем, ки онҳо барои миллати худ барои давлати худ ҷоннисор бошанд ва ҳамаи имкониятҳоро истифода баранд, то ин ки миллати мо ҳамин гуна нақши таърихии худашро аз даст надиҳад. Ин нақшро таърих ба мо додааст, лекин мо набояд онро аз даст диҳем, чунки ҳеч кас боигарии хешро набояд аз даст диҳад. Президенти кишвар зимни баромад инчунин қайд кард, ки мо бояд ҷонибдори гуфтугӯи тамаддунҳо бошем. Бояд низоми дунявии давлати худро ҳифз кунем ва аз фарҳанги умумибашарии Ғарбу Шарқ бояд истифода кунем. Яъне, халқи мо дар баробари ҳифзи асолати миллию динии худ бояд дорои ҷаҳонбинии илмии замони муосир бошад, бояд технологияи навинро аз худ кунад. Бояд истеҳсолоти рақобатпазире ба вуҷуд биёрем, ки аз ҷиҳати технологӣ пешрафта бошад, то ин ки ҷойҳои корӣ барои муҳоҷирони меҳнатии мо ташкил шаванд, ки ҳоло дар берун аз кишвар ҳастанд, ва онҳо боз гарданд ба ватан ва дар кишвари худашон бомеҳнати фоиданоки ҷамъятӣ машғул шаванд. Яъне, масъала масъалаи ҳуввияти милӣ ҳам бошад, самти аслии гуфтаи Президенти кишвар ҷанбаҳои гуногун дорад. Ва дар назди олимону зиёиёни мо, албатта, ин суханронии Президенти кишварамон вазифаҳое мегузорад, ки ин вазифаҳо ҳеч вақт ба ин дараҷа саҳеҳу амиқу дақиқ гузошта нашуда буданд. Мо бояд, ки ҳамаи ин вазифаҳоро ба барномаҳо табдил диҳем.