17,1 миллиард сомонӣ барои некӯаҳволии мардуми кишвар

Декабрь 11, 2012 16:34

Душанбе, 11 декабр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ, Афшини Муқим). — Субҳи имрӯз дар Бӯстонсарои Ҳукумати ҷаласаи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Форуми рушди Тоҷикистон баргузор гардид. Ҷаласаи Шӯрои миллии рушди назди Президенти ҶТ таҳти роҳбарии Сарвари давлат, Раиси Шӯрои миллии рушд Эмомалӣ Раҳмон ва иштироки аъзои Шӯрои миллии рушд, намояндагони Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд, вазорату идораҳои дахлдори мамлакат, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ҷиҳати баррасии раванди татбиқи афзалиятҳои миллӣ ва ҳадафҳои стратегии ҶТ дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷиктстон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи мазкурро ифтитоҳ намуда, бо истифода аз фурсат аҳли нишаст ва тамоми мардуми кишварро ба муносибати ба тозагӣ шомил гардидани Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдо таҳният гуфт ва иброз дошт, ки «Тоҷикистон афзалиятҳои миллии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳо ва мутобиқи принсипҳои байналмилалӣ татбиқ менамояд ва мунтазам барои устувор гардонидани муносибатҳои мутақобилаи иқтисодӣ дар минтақа ва дар сатҳи байналмилалӣ кӯшиш дорад» Дар доираи рӯзномаи ҷаласа аз ҷониби намояндагони ҳукумати ҶТ ва аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд мубодилаи афкор оид ба равандҳои афзалиятноки рушди кишвар ва натиҷаҳои ноилгардидаи Ҳукумати ҶТ дар доираи татбиқи ҳуҷҷатҳои асосии кишвар – «Стратегияи миллии рушди ҶТ барои давраи то соли 2015» ва «Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ барои солҳои 2010 – 2012» баргузор гардид. Ҳамчунин, муаррифӣ ва муҳокимаи масъалаҳои рушди ояндаи мамлакат дар доираи «Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Қобили зикр аст, ки дар доираи ин cтратегия таваҷҷуҳи бештар ба бахши иқтисодӣ равона гардида, ҷиҳати рушди иқтисодиёт 17,1 миллиард сомонӣ маблағ пешбинӣ гардидааст.

Декабрь 11, 2012 16:34

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ бо донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ баргузор шуд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад