Бонки миллӣ ба донишҷӯёни фаъол идрорпулӣ медиҳад
Душанбе, 6 декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Бо Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон Низомномаи стипендияи номии Бонки миллии Тоҷикистон тасдиқ гардид. Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд, низомномаи мазкур тартиби таъин ва пардохти стипендияи номии Бонки миллии Тоҷикистонро (минбаъд – стипендияи номӣ) ба донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. Инчунин таъйини стипендияҳои номӣ шакли аз ҷониби муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон ба таври умум эътироф шудани натиҷаҳои омӯзиши аълои донишҷӯ дар фаъолияти таълимӣ ва илмӣ буда, барои дастгирии иловагии молиявии онҳо ҷудо мешавад. Стипендияи номӣ ба донишҷӯёни солҳои 3 то 5 таҳсилоти рӯзонаи муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ихтисосҳои “бонкдорӣ” ва “технологияҳои иттилоотӣ”), ки дар давоми хониш танҳо бо баҳои “аъло” таҳсил карда, дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок мекунанд, дар чорабиниҳои илмӣ ва семинарҳо ширкат ва баромад намуда ба муваффақиятҳои назаррас ноил шудаанд, таъйин мешавад. Довталабон-донишҷӯён бояд шаҳрвандони Тоҷикистон бошанд. Дар ҳолати набудани довталабон аз як сол (курс), меъёри ҷудогардидаи стипендия метавонад ба донишҷӯёни солҳои дигар, ки дар он ҷо шумораи довталабони зарурӣ зиёданд, дода шавад. Маблағи стипендияи номӣ барои ҳар як донишҷӯе, ки дар озмун ғолиб омадааст, 200 (дусад) сомонӣ дар як моҳро ташкил медиҳад. БМТ дар маҷмӯъ 5 (панҷ) стипендияи номӣ таъин мекунад. Маблағи умумии стипендияи номӣ дар ҳаҷми 10000 (даҳ ҳазор) сомонӣ ҳар сол дар харҷномаи Бонки миллии Тоҷикистон пешбинӣ мешавад. Барои гирифтани маълумоти пурра шумо метавонед аз сайти Бонки миллии Тоҷикистон истифода намоед. www.nbt.tjТелефон барои маълумот: (992 44) 600-32-14, (992 44) 600-32-32.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






