Боздиди Сарвари давлат аз Хонаи кӯдакони бепарастори Турсунзода

Декабрь 26, 2012 16:30

Душанбе, 26 декабр (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Хонаи кӯдакони бепарастори шаҳри Турсунзода ташриф оварда, бо шароити зисту таълими онҳо бевосита шинос шуд.Тавре иттилоъ дода шуд, дар ин ҷо аз соли 1959 ин ҷониб мактаб-интернати шаҳри Турсунзода амал мекардааст. Соли 1993 қисмате аз он ба Хонаи кӯдакони бепарастор табдил дода шуда, 2 бинои таълимиаш ба мактаби рақами 2 гузаштааст. Вале Хонаи кӯдакони бепарастор солҳои охир аз нигоҳубини нокифоя ба ҳолати ногувор гирифтор шуда буд.Аз ин хотир дар пайравӣ ба сиёсати бунёдкорию созандагии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон моҳи майи соли 2012 роҳбарияти шаҳри Турсунзода дар якҷоягӣ бо соҳибкорони саховатманди маҳаллӣ ба тармиму навсозии он пардохта, дар муддати кӯтоҳ аз нав ободу зебояш намуданд.Ҳамин тариқ бо саъю кӯшиши дастаҷамъона ё худ тавассути шарикии босамари давлат ва бахши хусусӣ бинои асосии Хонаи кӯдакон, ки иборат аз 50 ҳуҷра мебошад, пурра тармиму навсозӣ шуд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сифати кори бинокорон таҷҳизот баҳои хуб дода, бо тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакон суҳбат намуд.Тавре аён гардид, тамоми ҳуҷраҳо бо асбобу анҷоми таълимӣ ва истироҳату фароғат, аз ҷумла мизу курсӣ, компютер, тахтаи синфӣ, рахти хоб, роҳаткурсиҳо, ҷевони либос, телевизор ва ғайра муҷаҳҳаз шудааст. Утоқҳои санитарӣ бо ҷойи шустушӯи бадан ва ташноб низ дар дохил буда, бино тавассути шабакаи ягона ва мустақили гармидиҳӣ гарм карда мешавад.Танҳо барои шабакаи гармидиҳӣ, ки технологияи олмонӣ аст, наздики 300 ҳазор сомонӣ сарф гардидааст. Ҳамагӣ дар навсозии бино беш аз 2 миллион сомонӣ маблағ харҷ шудааст.Ҳамин тариқ шабакаи обу корез низ навсозӣ шудааст, ки солҳои зиёд боз хизмат хоҳад кард.Чунонки зикр гардид, дар Хонаи кӯдакони шаҳри Турсунзода ба 173 нафар кӯдакони ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоат 31 нафар омӯзгорон таълиму тарбият медиҳанд. 57 нафари тарбиятгирандагон духтар ва 116 касаш писар мебошад. 7 нафари онҳо ятимони бепадару модар, 57 кас бепадар, 19 нафар бемодар ва боқӣ аз оилаҳои камбизоат ё бемор ва волидони ҳабсшуда мебошанд.Тарбиятгирандагони синни мактабӣ дар 4 мактаби атрофи ин муассиса дарс хонда, дар хонаи умумиашон истиқомати доимӣ доранд. Ду нафар аз тарбиятгирифтагони Хонаи кӯдакон, ки яке духтару дигарӣ писар аст, имрӯз дар омӯзишгоҳҳои касбомӯзӣ таҳсили илм мекунанд ва ҳамзамон дар ин ҷо кор карда, ба ёрони хурдсоли худ таълиму тарбият медиҳанд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ин Хонаи кӯдакони бепарастор як зумра таҷҳизоти зарурии таълимӣ ва ашёи рӯзгор, аз қабили компютерҳо, телевизорҳо, мошинҳои ҷомашӯӣ ва ба ҳар як тарбиятгиранда велосипед, дигар бозичаҳои кӯдакона ва ширинию хӯрокворӣ тақдим намуда, ҳамаи онҳоро бо арафаи соли нави мелодии 2013 табрику таҳният гуфт.Ба ҳар як тарбиятгирандаи Хонаи кӯдакони бепарастор, ҳамчунин як маҷмуии пурра либосҳои зимистонаи гарму шинам дастрас карда шуд, ки туҳфаи шахсии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.Дар толори маҳфилороии Хонаи кӯдакон тарбиятгирандагони ин муассиса ҳунари шеъру сурудхонӣ ва рақсу дилхушии худро намоиш доданд.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо Хонаи кӯдакон ва суҳбати бевосита бо омӯзгорону тарбиятгирандагони он ба масъулин барои боз ҳам ободу зебо ва талаботи рӯз мутобиқ намудани шароити он дастуру супоришҳои мушаххас дод. Аз ҷумла дастур дода шуд, ки дар ҳудуди ҳамин муассиса, дар майдони 3 га ҷой гирифтааст, дар давоми 2 сол барои 640 хонанда мактаб-интернат барои хонандагони ятиму бепарастор бо тамоми шароити муосири таълимӣ ва будубоши шаборӯзӣ бунёд ёбад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Декабрь 26, 2012 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Нақши занони тоҷик дар таҳкими давлатдории миллӣ назаррас аст
Дар остонаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ ҳашари экологии «Тозагии соҳил» гузаронида шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Имрӯз аз нашри нахустин шумораи маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» 19 сол сипарӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ — ВОСИТАИ МУАССИРИ ЭЪТИРОФ. Барои ҳар шахси озодихоҳ неъмате муқаддастар аз он нест
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Бахшида ба Истиқлоли Тоҷикистон ҳамоиши кормандони соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ доир шуд
ТАНТАНАҲОИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат барномаҳои фарҳангӣ доир мегарданд
«МегаФон Life» – доимо дар алоқа, ҳатто вақте ки паёмрасонҳои муқаррарӣ дастнорасанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад