Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Марк Карни роҳбари «Бонки Англия» интихоб шуд
Душанбе, 5 декабр. (АМИТ «Ховар»).-Мувофиқи маълумоти расонаи хабарии «Hamshari News» роҳбари «Бонки Англия»-и Британияи Кабир Марк Карни интихоб шуд. Марк Карни 1-уми июли соли гузашта ин мақомро ишғол карда буд, аммо аз сабаби бад будани саломатиаш мақоми роҳбариро ба уҳда нагирифт. Муҳлати ваколати роҳбари кунунии «Бонки Англия» Мервин Кинг якуми январи соли 2013 ба итмом мерасад. Бояд қайд намуд, ки Марк Карни муддати 13 сол дар «Голдман Сакс» фаъолият кардааст. Ҳангоми муаррифӣ ва пешниҳоди номзадии Карни вазири молияи Британияи Кабир- Ҷорҷ Осборн иброз дошт, ки ў барои рушди иқтисодиёти Канада саҳми босазо гузоштааст. Ғайр аз ин, Марк Карни даҳҳо ширкатҳои молиро аз муфлисӣ наҷот додааст. Лозим ба ёдоварист,ки дар баробари Марк Карни ҳамчунин номзадии муовини роҳбари кунунии бонк -Пол Такер ва сардори идораи назорати молии Британияи Кабир Лорд Тернер пешниҳод гардидаанд, аммо мухлисон ва кормандони Ҳукумати кишвар Марк Карниро дастгирӣ намуданд. Савдои молу маҳсулот тавассути интернет дар Амрико
Душанбе, 5 декабр. (АМИТ «Ховар»).-Аз рўи маълумоти коршиносони соҳаи иқтисодии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико даромаде, ки ширкатҳои истеҳсолӣ дар давоми 8-10 моҳ ба даст меоранд, баробар ба якуним моҳи охири сол аст. Тавре ки дар торномаи интернетии «Russian to Day» навишта шудааст, тайи чанд ҳафтаи охир фурўши молу маҳсулот дар Амрико 51,9 миллиардро ташкил дод. Савдои молу маҳсулот ҳамчунин тавассути шабакаҳои интернет низ сурат гирифта, аз ҳисоби тиҷорат беш аз 1 миллиард доллар суди соф ба даст оварданд. Бояд гуфт, ки дар моҳҳои охири сол марказҳои савдо ва ширкатҳои истеҳсолӣ аз усули тахфиф кор мегиранд. Ба гуфти роҳбари Палатаи савдо ва саноати Вазорати иқтисодии кишвар дар ин муддат бештар ширкатҳои «Волмарт» ва «Мекюс» аз фурўши молу маҳсулоти худ даромади зиёд ба даст овардаанд.Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад






