Чанд хабар аз хориҷи кишвар

Декабрь 21, 2012 12:25

Қатли як роҳбари «Толибон» дар Афғонистон Душанбе, 21 декабр. (АМИТ «Ховар»).- Ба иттилои Би-Би-Си ҳафтаи равон дар вилояти Сарипули Афғонистон яке аз саркардагони Ҳаракати «Толибон» зимни амалиёти махсус ба қатл расида, 5 тан аз ҳаммаслаконаш ба даст афтодаанд. Ба гуфти роҳбари Дафтари матбуоти нерўҳои ҳарбии Афғонистон фармондеҳи кушташуда Мулло Қамариддин ном дорад. Вай муддати зиёд дар ҳудуди вилоят ҳамлаву амалҳои террористиро тарҳрезӣ мекардааст. Ба иттилои прокурори вилояти Сарипул гуруҳ дар содир намудани як қатор ҷиноятҳои вазнин гунаҳкор дониста шуда, нисбат ба онҳо парвандаҳои ҷиноӣ кушода шудаанд. Аз боздоштшудагон ба миқдори зиёд муҳимоти ҷангӣ, аз ҷумла норинҷак, автомати Калашников, таппончаҳои ҳархела дарёфт ва мусодира шудааст. Нисбат ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.Ҳалокати 27 нафар дар Колумбия Душанбе, 21 декабр. (АМИТ «Ховар».-Бар асари садамаи калони наклиётӣ дар Колумбия 27 нафар ба ҳалокат расида, 15 каси дигар захмӣ шуда, ба беморхонаҳои наздик интиқол ёфтанд. Ба гуфти роҳбари Бозрасии давлатии автомобилии мамлакат автобуси мусофирбаре, ки аз шаҳри Бувалта ҷониби шаҳри Колий ҳаракат мекард, дар роҳ сарозер гардидааст. Мутахассисон санҷиши техникӣ гузаронида, сабаби рух додани садамаро бо айби ронанда медонанд, зеро вай пеш аз ҳаракат дар роҳ нӯшокии спиртӣ истеъмол карда, аз уҳдаи идораи автобус набаромадааст.Сӯхтор дар хонаи пиронсолон Душанбе, 21 декабр. (АМИТ «Ховар».-Мувофиқи иттилои торномаи шабакаи телевизионии «Russian to Day»-и Русия ҳафтаи равон дар хонаи пиронсолони гирифтори бемориҳои руҳии шаҳри Белёвски вилояти Тулаи Федератсияи Русия сўхтор ба амал омад. Дар вақти сӯхтор дар дохили ҳуҷрае, ки оташ сар зада буд, 4 нафар қарор доштанд. Вале наҷотдиҳандагон тавонистанд танҳо ду нафари онҳоро аз банди сӯхтор раҳо созанд. Дар айни ҳол кормандони Хадамоти ҳолатҳои фавқулодда зимни тадбирҳои таъҷилӣ 300 бошандаи хонаи пиронсолонро ба ҷойҳои бехавф кўчониданд. Зиёда аз 14-мошини оташхомушкунӣ дар ҳодиса иштирок намуда, алангаи оташро баъд аз як соати мубориза фурў нишонданд. Мувофиқи маълумоти расида, оташ дар пайи беэҳтиётии бошандагони хонаи пиронсолон ба вуқўъ омадааст.Траҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ

Декабрь 21, 2012 12:25

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад