Дастае, ки пайваста мардонагиву шуҷоат нишон медиҳад

Декабрь 6, 2012 10:05

Душанбе, 6 декабр (АМИТ«Ховар»,Фарзона Достонзода).-Дастаи таъиноти махсуси милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз пурқувватарин ва муҳимтарин воҳидҳои зудамал ва ҷангии мақомоти корҳои дохилӣ ба шумор рафта, тибқи Фармони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон 5-уми декабри соли 1995 таъсис дода шудааст. Тавре ки сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, дар ҳудуди бино ва машқгоҳи дастаи мазкур вобаста ба ин санаи таърихӣ чорабинии бошукуҳ таҷлил гардид, ки дар он вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов, роҳбарият ва ҳайати шахсии ДТММ иштирок намуданд. Вазири корҳои дохилӣ аз таърихи таъсиси ин бахши муҳими ВКД дар давраҳои ҳассоси кишварамон ва фаъолияти пурсамари он то ба имрӯз ёдовар гардид. Аъзои дастаи зудамали махсуси милитсия ва бахшҳои он дар вилояти Суғду Хатлон, Бадахшону минтақаи Рашт низ фаъолият намуда, ин родмардони шуҷоъ дар тамоми амалиёти махсусан хавфноке, ки дар минтақаҳои даргир, бахусус дар амалиёте, ки дар ноҳияҳои Рӯдакӣ, Тавилдара, минтақаи Рашт, Исфара, ки баъд аз солҳои истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ доир шудаанд, иштирок намуда, аз худ маҳорати баланди касбӣ нишон додаанд. Барои мардонагиву шуҷоат бисёр кормандони ин бахш бо ордену медал ва дигар мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудаанд.

Декабрь 6, 2012 10:05

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд