Эҳдои таҷҳизоти тиббӣ аз ҷониби Сафорати Ҷопон
Душанбе, 25 декабр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Имрӯз дар Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳои Вазорати тандурустӣ маросими расмии супоридани маҷмӯи таҷҳизоти тиббӣ аз ҷониби Сафорати Ҷопон баргузор гардид. Дар ин маросим муовини вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Соҳибназар Раҳмонов, сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Имаҳаши Ҳироюки ширкат доштанд. Зимни чорабинӣ муовини вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Соҳибназар Раҳмонов гуфт, ки: «Дар айни замон, мо дар маросими расмии супоридани як қатор таҷҳизотҳои тиббии муосир барои анҷом додани маҷмўи ҷарроҳиҳои мураккаби тармимӣ қарор дорем, ки ин таҷҳизот имконият медиҳад сифат ва дастрасии хизматрасониҳои махсусгардонидашудаи тиббӣ ба аҳолии кишвар ва алалхусус ба табақаҳои осебпазири он беҳтар карда шавад». Ҳамчунин С. Раҳмонов зикр кард, ки бо беҳтар гардидани заминаи моддию техникии муассисаи мазкур дар ҷумҳурӣ як қатор ҷарроҳиҳои мураккаби муосир ба роҳ монда мешаванд. Қаблан шаҳрвандони кишвар барои чунин ҷарроҳиҳо маҷбур буданд, ки бо харҷи зиёд ба хориҷи кишвар сафар намоянд. Дар доираи Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлати Ҷопон дар соҳаи тандурустии Тоҷикистон як қатор лоиҳаҳои инвеститсионӣ амалӣ шуда истодаанд. Дар баробари ин, дар доираи лоиҳаҳои инвеститсионии Сафорати давлати Ҷопон дар кишвар ҳамасола муассисаҳои тандурустии кишвар бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таҷҳиз мегарданд ва онҳо дар маҷмуъ имконият медиҳанд дастрасӣ ба хизматрасонии тиббию санитарӣ ба аҳолӣ ва сифати он тадриҷан беҳтар карда шавад. Бояд гуфт, ки маблағи умумии лоиҳаи грантӣ ҷиҳати дастрас намудани таҷҳизоти мазкур 111 736 доллари амрикоиро ташкил медиҳад.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






