Э. Раҳмон: «Бо кӯдакон мисли фарзанди худ рафтор кунед»
Душанбе, 26 декабр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-Субҳи имрӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Турсунзода рафт. Зимни сафар Сарвари Давлат ба мактаб-интернати шаҳри Турсунзода ташриф овард. Бояд гуфт, ки бинои ин мактаб-интернат пас аз таъмири пурра мавриди истифода қарор гирифт. Сарвари Давлат дар хонаи кӯдакон сараввал тарбиятгирандагонро бо фарорасии Соли нави мелодии 2013 табрик гуфта, шахсан худаш ба кӯдакон туҳфаҳои солинавӣ, аз ҷумла либосҳои гарми зимистона, велосипед ва аз ҳисоби фонди захиравии Президенти ҶТ 6 дона компютер тақдим кард. Қобили зикр аст, ки сохтмони бинои мактаб-интернати шаҳри Турсунзода соли 1956 оғоз шуда, он соли 1959 ба истифода дода шудааст. Мактаб-интернати мазкур аз шаш бинои таълимӣ, хобгоҳ ва ошхона иборат буд. Ҳамасола бинои ин муассиса аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, вале то соли 2012 он ягон маротиба таъмири пурра нашуда буд. Соли 2012 бинои таълимгоҳ комилан таъмир ва бо тамоми шароиту таҷҳизоти муосир таъмин гардид. Як бинои хонаи кӯдакон, ки аз 50 ҳуҷра иборат мебошад, аз ҳисоби маблағи соҳибкорон ва шахсони саховатпеша аз таъмири пурра бароварда шуда, дар он низоми гармидиҳӣ ба кор дароварда шуд. Инчунин низоми канализатсияи он низ аз нав пурра таъмир гардид, ки маблағи умумии сарфшуда зиёда аз 2 млн. сомониро ташкил медиҳад. Дар хонаи кӯдакони шаҳри Турсунзода 175 нафар кӯдак тарбия мегиранд ва 33 омӯзгор ба таълиму тарбияи онҳо машғуланд. Аз ин шумора 33 нафар кӯдакони гуруҳи томактабӣ буда, 142 нафар дар синфҳои аз 1 то 9 таҳсил мекунанд. Барои хонаи кӯдакон аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ 741 ҳазору 549 сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст, ки он барои харидорӣ намудани маводи хӯрокӣ, либос, таҷҳизот ва корҳои таъмирӣ истифода шудааст. Зимни боздид аз мактаб-интернат Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон кӯдаконро ба таҳсили аъло, илмомӯзӣ даъват намуд ва гуфт : «Ҳеҷ гоҳ дар зиндагӣ руҳафтода нашавед ва Ҳукумату давлати Тоҷикистон ҳамеша дар ҳаққи шумо ғамхорӣ мекунанд ва барои шумо тамоми шароити заруриро муҳайё менамоянд». Президенти кишвар барои фароҳам овардани шароитҳои боз ҳам мусоид, ташкили барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ ба масъулини ҳукумат ва вазирони маорифу фарҳанг, инчунин дигар шахсони масъул супориш дод, ки кӯдаконро ба воситаи автобус ба тамошо, сайри театр ва дигар ҷойҳои тамошобоб баранд. Аз мураббиён хоҳиш намуд, ки бо кӯдакон мисли фарзанди худ муносибат кунанд. Мавриди зикр аст, ки дар ин мактаб-интернат асосан кӯдакони ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоат тарбия меёбанд. Дар охир бо иштироки хонандагони мактаб-интернат барномаи фарҳангӣ намоиш дода шуд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад






