Э. Раҳмон: «Таълиму тарбияи насли наврас — вазифаи муҳими аҳли ҷомеа»

Декабрь 6, 2012 11:01

Душанбе, 6 декабр. (АМИТ «Ховар»). -Субҳи имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои ифтитоҳи як мактаби нав ва оғоз бахшидан ба сохтмони иншооти зиёди ҷашни солгарди 3 ҳазоруми Ҳисори шодмон ба ин ноҳия ташриф овард.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба деҳаи Ғайратободи ҷамоати деҳоти Сомон ташриф оварда, мактаби наву зебои ин деҳаро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.Зимни шиносоӣ бо шароити мактаб иттилоъ дода шуд, ки он бо 24 синфхона барои 1280 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Чунонки аён гардид, синфхонаҳои мактаб, аз ҷумла озмоишгоҳҳои махсуси фанҳои дақиқи физика, кимиё, биология ва синфхонаҳои компютерӣ дорои шароити муосири таълимӣ мебошанд. Мактаб бо харҷи қариб 9 миллион сомонӣ маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ бунёд ёфта, ҳамчунин дорои толори барҳавои маҷлисӣ, толор ва майдони калони варзишӣ, ошхона ва дигар шароитҳои зарурӣ аст.Мактаббачагони деҳа ва падару модари онҳо аз ифтитоҳи мактаби нав басо хушҳол гардиданд, зеро мактаби пешини деҳа дар ҳолати садамавӣ қарор дошт.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар толори маҷлисии мактаб дар назди мактаббачагону волидони онҳо ва фаъолони ноҳия суханронӣ намуда, таълиму тарбияи босифати насли навраси кишварро вазифаи муҳими тамоми аҳли ҷомеа арзёбӣ намуд. Изҳори боварӣ карда шуд, мактаббачагони ин деҳа бо истифода аз шароити хуби мактаби нав донишу малакаи худро беш аз пеш сайқал медиҳанд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ доданд.

Декабрь 6, 2012 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад