Хабарҳо аз хориҷи кишвар

Декабрь 24, 2012 17:41

Куштори табибон дар Покистон Душанбе, 24 декабр. (АМИТ «Ховар»).-Мувофиқи иттилои расонаи хабарии «BBC News» дар шаҳри Карочии Покистон 6 нафар корманди тибб аз ҷониби силоҳбадастони номаълум ба қатл расиданд. Мувофиқи иттилои сардори Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи амнияти миллии кишвар табибонро ҷинояткорон ба ҷурми ҳамкорӣ бо нерўҳои ҳукуматии Покистон нобуд кардаанд. Ҳодиса дар минтақаи Гулшан-Бунер ба вуқуъ пайвастааст. 5 нафар аз кушташудагон зан ва 1 нафар мард мебошанд. Ба гуфти сардори раёсати таъминот ва озуқавории Вазорати тандурустии Покистон табибон бар зидди бемории фалаҷ дар байни кўдакон фаъолият мебурдаанд. Русия дар иҳотаи сардӣ Душанбе, 24 декабр. (АМИТ «Ховар».-Тавре ки дар торномаи телевизиони «Russian to Day» омадааст, ҳафтаи равон як қатор шаҳру ноҳияҳои Федератсияи Русия ҳамоно дар иҳотаи сардии тоқатфарсо қарор доранд. Аз ҷумла, дар кишвари Олтой сардии ҳаво якбора ба 50 дараҷа баробар шуд. Мувофиқи иттилои ҳавошиносон, чунин вазъият чанд рӯзи дигар идома хоҳад дод. Чунин ҳолат дар вилояти Ростов низ ба назар мерасад. Дар пайи сармои тоқатфарсо қубурҳо ях баста, сокинон аз истифодаи об маҳрум гардидаанд. Чунин сардӣ ва яхбандӣ ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт монеа эҷод намудааст. Номусоидии вазъи ҳаво дар роҳҳои вилояти Ставропол боиси зиёд шудани садамаҳои нақлиётӣ гаштааст. Дар айни ҳол даҳҳо техникаи махсус барои тоза кардани барфтўдаҳо фаъолият доранд.Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ

Декабрь 24, 2012 17:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад