Иштироки Э. Раҳмон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё

Декабрь 19, 2012 21:09

Душанбе, 19 декабр (АМИТ «Ховар»).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Маскав дар ҷаласаи навбатии Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё низ иштирок намуд.Дар ҳамоиш, ҳамчунин сарони дигар давлатҳои аъзои иттиҳод иштирок доштанд.Дар ҷаласа масоили татбиқи чорабиниҳои вобаста ба Самтҳои афзалиятноки рушди Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва Нақшаи татбиқи чораҳои муштарак доир ба камтарин намудани оқибатҳои бӯҳронҳои ҷаҳонии иқтисодӣ, тақвияти кори Бонки рушди Авруосиё доир ба қарзҷудокунӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки кишварҳои аъзои иттиҳод баррасӣ шуд.Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи ду созишнома, ки яке дар бораи мақоми ҳуқуқии муҳоҷирони корӣ ва аъзои оилаи онҳо ва дуюмӣ дар бораи ҳамкорӣ доир ба муқовимат ба муҳоҷирати ғайриқонунии корӣ дар кишварҳои аъзои Иттиҳоди гумрукӣ мебошад, таваҷҷуҳи хос зоҳир намуд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки “дар ин санадҳо манфиатҳои Тоҷикистон ҳам, ки оянда метавонад ба ин иттиҳод ҳамроҳ шавад, ба инобат гирифта шудааст”.Зимни ҷаласа аз ҷониби сарони давлатҳо ба рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳо доир ба татбиқи Консепсияи фаъолияти байналмилалии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё барои солҳои 2011-2013 ва барномаҳои “Технологияҳои инноватсионӣ” ва “Безараргардонии заминҳои таҳти таъсири истеҳсолоти уран қароргирифта”-и давлатҳои аъзои иттиҳод баҳои мусбӣ дода шуд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Декабрь 19, 2012 21:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад