Иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар маросими “Шаби Арус”

Декабрь 18, 2012 09:13

Душанбе, 18 декабр (АМИТ «Ховар»).- Бегоҳи рӯзи 17 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Қунияи Туркия дар маросими “Шаби Арус”, ки манзур аз он ёдбуд аз Мавлоно Ҷалолиддини Балхии Румӣ дар рӯзи вафоти ин шоиру орифи оламшумул мебошад, иштирок намуд.Ин маросим аз қироати пораҳо аз Маснавии Маънавии Мавлои Балх, ғазалиёти ирфонии ӯ ва ашъори дигари тоҷикию туркӣ аз дигар шоирон, ки дар васфи ин мутафаккири олами Шарқ суруда шудаанд ва ҳамчунин рақсу чархиши самоъ иборат аст.Тавре аён гардид, забони асли Мавлоно, яъне форсии тоҷикӣ имрӯз ҳам дар маросими самоъ ва ё мавлонохонӣ мақоми хос дорад.Тибқи маълумоти муҳаққиқони маҳаллӣ дар «самоъ» пӯсти сурх дар рӯи фарш нишонаи ҳазрати Мавлоно Ҷалолидини Балхӣ аст. Мавлавиҳо, яъне пайравони Мавлоно дар оғози «самоъ» ба пӯсти сурх салом дода, ба ҷояшон гузашта менишинанд.Ба болои пӯсти сурх Шайх омада менишинад ва заминро чун ба вақти саҷда дар намоз мебӯсад.Мавлавиҳое, ки либоси сиёҳ дар бар доранд, зиндагии дунявиро таҷассум менамоянд. Лаҳзае, ки онҳо ба «самоъ» медароянд, либосҳои сиёҳро аз тан меафкананд. Ин маънои аз ҳаёти дунявӣ дур шуда, ба ҳаёти охират ворид шуданро дорад.Сипас як нафар сарсамоъкор назди Шайх омада, барои «самоъ» иҷозат мепурсад ва бо иҷозати ӯ мавлавиҳо ба «самоъ» оғоз менамоянд.Дар лаҳзаи «самоъ» самоъкунанда дасти рости ба тарафи боло ва дасти чапи ӯ ба поён чарх мезанад.Ин кор маънои онро дорад, ки Худо чи файзу баракате, ки диҳад, мо онро ба мардум ва бандагонаш мерасонем.Самоъ бо тиловати оят аз Қуръони Карим ба охир мерасад ва дар охир мавлавиҳо боз ба пӯсти сурх салом дода, пушташонро нагардонда, тарки саҳна мекунанд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Декабрь 18, 2012 09:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ бо донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ баргузор шуд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад