Истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ дар соли 2012

Декабрь 20, 2012 15:15

Душанбе, 20 декабр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-Корхонаҳои соҳаи маводи сохтмони ҷумҳурӣ соли равон фаъолияти худро самаранок ба роҳ монда, бо технологияҳои навтарин фаъолият доранд.  Тибқи иттиллои Вазорати энергетика ва саноати ҶТ дар айни замон дар ҷумҳурӣ 8 корхонаи калони семент, 83 корхонаи хишт, 62 корхонаи истеҳсоли қуму шағал, 6 корхонаи коркарди санг, 6 корхонаи хурди истеҳсоли оҳак, гаҷ ба истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ машғуланд. Аз рӯи ҳисоботи пешакӣ соли ҷорӣ 9,5 ҳазор м2 тахтасанг, 230 ҳаз. тонна семент, 115 млн. дона хишти сохтмонӣ, 230 ҳазор м2 шишаи сохтмонӣ, 400 ҳазор м3 қуму шағал, 15 ҳазор тонна гаҷ, 700 тонна гили андова, 350 тонна ранг, 2,6 ҳазор тонна оҳак истеҳсол шудааст. Шумораи умумии ҷойҳои корӣ дар соҳа 5680 нафарро ташкил мекунад.

Декабрь 20, 2012 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад