Иттиҳоди нависандагони Осиё ва Африқо эҳё шуд
Душанбе, 11 декабр (АМИТ «Ховар»).- 8-10 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Қоҳира бо ташаббус ва таҳти сарпарастии Созмони ҳамдилии халқҳои Осиё ва Африқо ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Мисри Араб Конфронси IX байналмилалии нависандагони Осиё ва Африқо баргузор гардид.Дар кори конфронс намояндагони давлатҳои Либия, Ироқ, Урдун, Фаластин, Судон, Яман, Кувайт, Салтанати Уммон, Алҷазоир, Тунис, Тоҷикистон, Зимбабве, Русия, Камерун, Қазоқистон, Ҷибути, Покистон, Ҳиндустон, Непал, Уганда, Намибия, Ветнам, Руанда, Нигер ва Миср иштирок карданд. Тоҷикистонро дар ин конфронс узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, сафири фавқулъода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мисри Араб Нарзулло Назаров (Назруллоҳи Назар) намояндагӣ кард. Дар ҷаласаи ифтитоҳии конфронс дар толори бошукӯҳи Операи шаҳри Қоҳира эҳёи Иттиҳоди нависандагони Осиё ва Африқо (қароргоҳ дар Қоҳира), ки баъди 40 соли сукут аз нав ҳамчун созмони ғайриҳукуматии мустақили аҳли қалами ду китъа ба фаъолият шурӯъ мекунад, бо тантана эълон гардид. Дар ин ҷаласа дар қатори дигар адибони Осиё ва Африқо, ки дар ҳаракати сулҳу ҳамдилӣ саҳм гузоштаанд, номи фарзандони миллати тоҷик устод Мирзо Турсунзода ва устод Мӯъмин Қаноат низ садо дод.Дар ҷаласаҳои конфронс иштироккунандагон Низомнома ва санади хотимавии Иттиҳодро қабул карданд.Дар интихоботи мақомоти роҳбарикунанда нависанда Алӣ Ҷовид (Ҳиндустон) раиси Иттиҳод, Муҳаммад Салмовӣ (Миср) дабири кулл, Нигуйен Қуанг Тиеу (Ветнам) муовини аввали дабири кулл, намояндагони Уганда аз Африқо ва Урдун аз Осиё муовинони дабири кулл интихоб шуданд. Ҳамзамон салоҳ дониста шуд, ки дар конфронси ояндаи Иттиҳод боз 2 муовини дигар – яке аз Осиёи Марказӣ (Тоҷикистон) ва дигаре аз Шимоли Африқо (Алҷазоир) мавриди баррасӣ қарор гирад.Конфронс зарурати эҳёи маҷаллаи Иттиҳодро бо номи «Лотос» ба 3 забон (англисӣ, арабӣ ва фаронсавӣ) матраҳ кард. Ҳайати Фаластин эълон кард, ки кишвараш дар доираи Иттиҳод ҷоизаи солона барои нависандагони Осиё ва Африқоро таъсис хоҳад дод.Пешниҳод шуд, ки ҷаласаи навбатии Кумитаи доимии Иттиҳод баҳори соли оянда дар Ветнам баргузор гардад.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






