Иттилоияи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 26, 2012 08:51

Душанбе, 26 декабр (АМИТ «Ховар»).- Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар натиҷаи андешидани чораҳои фаврӣ-тафтишотӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ, амният ва дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар ҳамкорӣ бо раисони маҳаллаҳо ва аҳолии ш.Хоруғ дар давраи аз 25-уми июл то 20 декабри соли 2012 аз тарафи сокинони маҳаллаҳои заводи нон, Хоруғи боло, «УПД»-и ш.Хоруғ ва деҳаи Поршневи н.Шуғнон ҳамагӣ 325 адад яроқҳои оташфишон ва миқдори зиёди лавозимот ва дигар муҳимоти ҷангӣ ихтиёрӣ супурда шуда, ҳамзамон аз тарафи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дарёфт карда шуданд. Аз ин миқдор 105 ададро автоматҳои Калашникови гуногунтамға, 5 адад пулемёти Калашников, 1 адад ДШК, 7 адад аслиҳаи вазнин, аз ҷумла 1 адад миномёти қутраш 82 мм., 7 адад гулулапарто (гранатамёт), 3 адад милтиқи мерганӣ (снайперӣ), 118 адад таппончаҳои гуногун, аз ин 106 адад таппончаҳои тамғаи Макаров, 6 адад милтиқи суфтамили ИЖ, 43 адад милтиқи «Карабин», 31 адад милтиқи ТОЗ-8, , 22000 адад тирҳои гуногун, 159 адад снарядҳои гуногун, 3 адад минаҳо, 190 адад норинҷакҳо (гранатаҳо), 206 адад запал, 8 адад тротил, 229 адад ВОГ, 800 гр. тротил, 80 кг. моддаи худсози тарканда ва дигар муҳимоти ҷангиро ташкил медиҳанд.Оид ба ҳолатҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуда, аз ҷониби гурӯҳи тафтишотии Прокуратураи генералӣ дар якҷоягӣ бо парвандаи ҷиноятӣ оид ба ҷиноятҳо ва воқеаҳои моҳҳои июл ва августи соли 2012 дар ш.Хоруғ мавриди тафтиш қарор дода шуданд. 21 декабри соли 2012 бо қарори роҳбари ин гурӯҳи тафтишотӣ ва розигии муовини якуми Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси эзоҳи моддаи 195 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсоне, ки ин яроқҳои оташфишон ва лавозимоти ҷангиро ихтиёрӣ супурдаанд барои ғайриқонунӣ соҳиб шудан, ба дигарон додан, нигоҳ доштан, интиқол додан, гирифта гаштани яроқ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шуда, қисми маводҳои парвандаи ҷиноятӣ нисбати онҳо қатъ карда шудааст.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Декабрь 26, 2012 08:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад