Клубҳои лигаи олӣ бояд иҷозатнома дошта бошанд

Декабрь 13, 2012 12:18

Душанбе, 13 декабр. (АМИТ «Ховар»). – Чанде пеш дар Федератсияи футболи Тоҷикистон машварати роҳбарону мураббиҳои клубҳои лигаи олии Тоҷикистон оид ба футбол, ҳамчунин намояндагони дастаҳои лигаи якум, ки барои иштирок дар лигаи олии футболи Тоҷикистон дар мавсими соли 2013 – ро ба даст овардаанд, баргузор гардид. Дар машварат натиҷаи соли гузашта ҷамъбаст гардида, вазифаҳои навбатӣ дар мавсими оянда мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Ҳамаи клубҳои лигаи олии Тоҷикистон барои иштирок дар мавсими соли 2013 бояд иҷозатнома дошта бошанд, ки ин талаби ҳатмии Конфедератсияи футболи Осиё мебошад. Дар акси ҳол, ба ягон клуб иҷозати иштирок дар мусобиқоти Тоҷикистон дода намешавад. Ба гуфтаи ноиби аввали президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Валерий Турсунов, ҳамаи клубҳо бояд ба талабот мутобиқат дошта бошанд. Маҳакҳои асосии он иборат аз адами қарзҳои молиявии клубҳо ва инфрасохтори дахлдор мебошанд. Ғайр аз ин, дастаҳои лигаи олӣ бояд дар ихтиёри худ камаш якуним миллион сомонӣ дошта бошанд. Амалия нишон дод, ки ин усули беҳтарини мубориза бо худсарии клубҳои футбол маҳсуб меёбад. Ҳаққи узвият барои иштирок дар лигаи олии Тоҷикистон 40 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ғайр аз ин клубҳои лигаи олӣ бояд ба хазинаи Федератсияи футболи Тоҷикистон баробари 10 ҳазор сомонӣ пешпардохт кунанд. Ҳамзамон, сар аз мавсими оянда ҳаққи хидмати ҳакамҳоро худи клубҳо пардохт мекунанд. Ҳаққи хидмати бригадаҳои ҳакамҳо, нозир ва комиссари бозӣ чунин аст: довари калон – 500 сомонӣ, доварҳои канори майдон – ҳар кадом 300 сомонӣ, довари захиравӣ — 150 сомонӣ, нозири доварҳо ва комиссари мусобиқа – ҳар кадом 400 сомонӣ.Мӯҳлати охирини пардохти узвият барои иштирок дар мусобиқоти ҷумҳурӣ дар соли 2013 – ум 1 – уми март мебошад. Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Декабрь 13, 2012 12:18

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ бо донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ баргузор шуд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад