Консепсияи миллии ҳукумати электронӣ
Душанбе, 21 декабр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Созмони ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Ҷавонони қарни нав» лоиҳаи рушди Консепсияи миллии татбиқи ҳукумати электрониро, ки моҳи декабри соли 2011 қабул шуда буд, роҳандозӣ мекунад. Мақсад аз ин лоиҳа мусоидат ба воқифияти ҷавонони 10 шаҳри таҷрибавии Тоҷикистон аз имкониятҳои ҳукумати электронӣ мебошад.Дар доираи лоиҳаи мазкур аз ҷумлаи фаъолони ҷавони 10 шаҳри таҷрибавӣ гурӯҳҳои мусоидат ба ёрии ҳамдигарӣ ташкил карда мешаванд. Пешбинӣ шудааст, ки дастаҳои ихтиёрӣ ба шӯъбаҳои назорати молиявии давлатӣ ва мубориза бо коррупсия, ҳамчунин шӯъбаҳои кор бо ҷавонони назди ҳукуматҳои шаҳрҳои таҷрибавӣ вобаста карда мешаванд.Баъди гузаронидани тренингҳо ҳар даста бояд дар донишкадаҳои таълимии шаҳрҳои зикршуда маъракаҳои иттилоотиро рӯи кор оранд.