М. Неъматов: «Тақдир ва инкишофи давлат ба мавқеи фаъоли ҷавонон вобаста аст»

Декабрь 10, 2012 11:39

Душанбе, 10 декабр. (АМИТ «Ховар»). — Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш дар ҷаласаи таҷлили 20-умин солгарди Иҷлосияи тақдирсози Шӯрои Олии Тоҷикистон чанд нуктаи вобаста ба самтҳои асосии марҳалаи имрӯзаи рушди давлатдориро иброз дошт, ки «Рӯ овардан ба ҷавонон» яке аз онҳо мебошад. Моҳияти асосии ин самт аз он иборат аст, ки барои беҳбуди шароити рушди маънавию ахлоқӣ ва таҳсилу кори ҷавонон имкониятҳои муносиб фароҳам оварда шаванд.  Ҷиҳати равшанӣ андохтан ба паҳлуҳои гуногуни ин самт бо раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Маликшо Неъматов суҳбате доштем, ки фушурдаи онро пешкаши хонандагон мегардонем. —-Муҳтарам Маликшо Маҳмадшоевич, аҳамият ва афзалияти ин самтро чӣ гуна арзёбӣ мекунед? — Аввалан, як нуктаро бояд таъкид намоям, ки мо бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ дар зарфи 21 сол ба дастовардҳои муҳими иқтисодиву сиёсӣ, илмию фарҳангӣ ва техникиву истеҳсолӣ ноил гардидем. Тадбирҳои мазкур аз ташаббусу дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд. Аз рӯзҳои аввал, новобаста аз вазъи сиёсиву иҷтимоӣ, масъалаҳои ҷавонон дар маркази диққати роҳбарияти Тоҷикистони соҳибистиқлол қарор дошт. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз давраҳои аввали роҳбарӣ такя ба ин нерӯи созанда намуда, бо ҷавонон силсилаи вохӯриҳоро доир намуд. Вохӯриҳои Сарвари давлат ва суҳбату мулоқот дар ҷараёни сафарҳо ба шаҳру ноҳияҳо бо ҷавонон дар ҳаёти ҷавонон дигаргуниҳои зиёдро ба миён овард. Дар ин раванд соҳаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ки пешбурди соҳаҳои мазкурро Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳда дорад, ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст. Тавре ки маълум аст, тақдир ва инкишофи ҳар як давлат, аз ҷумла Тоҷикистон ба мавқеи фаъоли ҷавонон вобастагии калон дорад, зеро дар тамоми кишварҳои дунё ҷавонон ба сифати як нерӯи пуриқтидори бунёдкор ва пешбарандаи ҳаёти ҷомеа шинохта ва эътироф шудаанд. Маҳз тавассути татбиқи сиёсати давлат нисбат ба ҷавонон ҳалли масъалаи муҳими ҷомеа – тарбияи насли ояндаи дорои тафаккури созандаву ахлоқи ҳамида ва танзиму тарҳрезии ояндаи устувори ҷомеаро таъмин намудан имконпазир аст. Мақоми иҷтимоӣ ва сиёсии ҷавонон на фақат нерӯи демократии ҷомеа ва давлат, балки хусусиятҳои таҳаввулот, стратегияи тараққиёт ва ояндаи кишварро муайян мекунад. Дар маҷмуъ, ҷавонон дар инкишофи ҷомеа нақши муассир доранд. Президенти Ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамояд: “Мо бояд ташаббус ва нерӯи созандаи ҷавононро ба манфиати рушди давлат равона созем, кӯшиш намоем, ки ҷавонон дар ҷомеа мавқеи арзандаи худро соҳиб гарданд. Муҳити солими маънавиро дар байни ҷавонон фароҳам орем ва имкон диҳем, ки нерӯи эҷодию илмии онҳо озодона густариш ёбад. Барои рушди иқтисодию иҷтимоии ҷавонон шароити мусоид фароҳам орем…»Албатта, бо боварӣ метавон гуфт, ки қисми асосии ҷавонони Тоҷикистон дорои маърифати кофии хуқуқӣ ва сиёсӣ буда, аз рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз инкишофи кишвари худ дар канор нестанд ва мутаносибан бо замони худ пеш мераванд. Дар баробари ин, ҳалли як қатор масъаҳои умда дар назди Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Масъалаҳои асосии ҳалталаб, ки ҳангоми суҳбату вохӯриҳо бо ҷавонони шаҳру ноҳияҳо ба мушоҳида мерасанд, асосан заминаи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ доранд ва бештар ба масъалаҳои ҳимояи ҳуқуқ, бо шуғли муайян таъмин намудани шаҳрвандони ҷавон, мушкилоти манзил, дастгирии давлатии оилаҳои ҷавон дахл менамоянд. Бо назардошти аҳамияти масъалаҳои мазкур мо масъулини соҳа ин масоилро пайваста мавриди муҳокима қарор дода, барои татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон дар кишвар, пайдо намудани роҳу равиши тоза ва судманду самаранок дар ин самт кӯшиш ба харҷ медиҳем. — Муҳтарам Маликшо Маҳмадшоевич, тавре ки зикр гардид, дар пешрафти ҳар як кишвар ҷавонон нақши бориз доранд. Бамаврид мебуд, агар аз ҷараёни татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар ҷумҳурӣ ёдовар мешудед. — Ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ дар ҳаёти ҷавонони кишвар низ тағйироти куллӣ ба амал омаданд. Истиқлолият барои таҳияи сиёсати давлатии ҷавонон дар кишвар шароити мусоид фароҳам овард. Фикр мекунам, Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, давра ба давра қабул гаштани барномаҳои дурнамо дар соҳа ва силсилаи қарору барномаҳои дигари давлатӣ барои татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон замина фароҳам оварда истодаанд. Бунёди марказҳои ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, зиёд гардидани шумораи стипендияҳо адад ва квотаи президентӣ барои хонандагону толибилмон, таъсиси Ҷоизаҳои ба номи Исмоили Сомонӣ, грантҳои Ҳукумати Ҷумҳурӣ барои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи тарбияи ватанпарастии ҷавонон, Фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тайёр намудани мутахассисон дар давлатҳои хориҷӣ, Ҷоизаҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқаррар шудани имтиёзҳо барои бо манзил таъмин намудани омӯзгорони ҷавон ва тадбирҳои зиёди дигари судманд барои дастгирии ҷавонон равона гаштаанд. Метавон боз санадҳои дигарро дар ин самт номбар намуд. Муҳимтар аз ҳама ҷавонони баору номус, меҳнатдӯсту созандаи Тоҷикистон аз дастовардҳои Истиқлолият шукргузорӣ мекунанд. Бо боварӣ метавон гуфт, ки қисми асосии ҷавонони Тоҷикистон дорои маърифати кофии хуқуқӣ ва сиёсӣ буда, аз рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ ва инкишофи кишвари худ дар канор нестанд ва мутаносибан бо замони худ пеш мераванд. Албатта, дар шароити имрӯзаи соҳибистиқлолии Тоҷикистон масъалаи баланд бардоштани фарҳанги сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии ҷавонон дар қатори масъалаҳои муҳим ҷой гирифтааст. Мусаллам аст, ки рушди иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсию фарҳангии ҷомеаи мо аз маърифати баланди сиёсӣ доштан ва дарки масъалаҳои сиёсӣ аз сӯи ҷавонон вобастагии калон дорад. Бояд ҷавонони бомаърифат ва хештаншиносу ватандӯст ҳар як воқеаву рӯйдод ва тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамеша таҳлилу баррасӣ намоянд, ба қадри дастовардҳо, заҳматҳои бузургони миллати хеш бирасанд ва онҳоро таҳким бахшанд. Ва имрӯз ҳадафҳои асосии Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон, барномаҳои давлатии соҳа ба ҳалли масъалаҳои умда, аз қабили дастгирии ҷавонони лаёқатманд, баланд бардоштани ҳисси худшиносию ватанпарастии онҳо, фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои истироҳату фароғати ҷавонон, дар маҷмуъ дарёфти роҳу воситаҳои самараноки татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон равона гаштаанд. Чорабиниҳои зиёд, аз қабили семинару мизҳои мудаввар, фестивалу конфронсҳо, озмуну вохӯриҳо ва силсилаи дигар тадбирҳое, ки бо ҷалби ҷавонони касбу кори гуногун дар марказ ва маҳалҳо доир мешаванд, натиҷаҳои хуб дода истодаанд. Муҳимтар аз ҳама, сулҳу субот, сарҷамъиву ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа густариш ёфта, сатҳи зиндагии мардум беҳтар мегардад. Дастовардҳои сиёсии солҳои охири Тоҷикистон, ки дар маҷмуъ аз ваҳдати миллӣ ва муҳити солими сиёсӣ иборат буда, ҳамчун омили асосии ризоияти ҷомеа ва нишонаи маърифату фарҳанги баланди сиёсӣ арзёбӣ мегардад, ба пешрафту тараққиёти тамоми соҳаҳои ҳаёт такони ҷиддӣ бахшида истодааст.Ҳамзамон таъсиси Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавони Тоҷикистон аз соли 1998 ва чопи 14 маҷмӯаи илмию амалии маҷаллаи “Ҷавонон ва илми муосир”-ро метавон зикр кард. Танҳо дар соли 2012 маҷаллаи мазкур се маротиба бо дарбаргирии зиёда аз 200 мақолаи илмӣ ба чоп расидааст. Дастгирии чопи 8 асари илмии олимони ҷавон ва чопи 10 маҷмӯаи эҷодкорони ҷавон гувоҳи ин гуфтаҳост.Таъсиси КВД “Биржаи меҳнатии ҷавонони Тоҷикистон”, “Клуби соҳибкорони ҷавон”, марказҳои иттилоотию хайрхоҳонаи ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ҷавобгӯи ниёзҳои ҷавонони кишвар мебошад. — Дар бораи нақшаҳои минбаъдаатон, умуман пешрафти соҳаи ҷавонон андешаҳоятонро баён медоштед? — Албатта, ҳар як нақшаву мақсади минбаъда аз мушкилоту масъалаҳои ҳалталаби ҷойдошта бармеояд. Ва тавре ки қаблан зикр гардид, сиёсати давлатии ҷавонон ба табақаи ҳассос – ҷавонон нигаронида шудааст ва рӯзгори ҷавонон ҳамарӯза як навигарию дигаргуниро тақозо менамояд. Ба ибораи дигар, орзуву омоли насли ҷавон зиёд асту ин наслро хоҳу нохоҳ зарур аст, ки зинаҳои гуногунро паси сар намояд. Ва, албатта, ин роҳ душвориву мушкилоти худро дорад. Дар ин замина, нақшаҳову ҳадафҳои сохторҳои ҷавонон бо фарогирии ҳама паҳлуҳои ҳаёти ҷавонон тарҳрезӣ мегарданд. Пӯшида нест, ки як қатор омилҳои мавҷуда, ки ҷанбаҳои гуногуни иҷтимоиву иқтисодӣ доранд, барои ҳалли саривақтии проблемаҳои ҷавонон монеа мегарданд, ки албатта, тадриҷан ҳалли худро хоҳанд ёфт. Муҳимтар аз ҳама, мо рӯзгори ҷавонони имрӯзаро бо ҷавонони 10-15 соли қаблӣ муқоиса намоем, бешубҳа, фарқ калон аст. Имрӯз насли ҷавон бо маслиҳату ҳидояти нек ба анҷоми корҳои шоён қодир аст. Инро дар симои қариб кулли ҷавонони кишварамон эҳсос кардан мумкин аст. Тавре ки Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо намояндагони ҷавонони кишвар 21 майи соли 2005 қайд карда буданд: «Шумо – ҷавонон барои тақдири имрӯзу ояндаи давлату миллат, рушду ободии мамлакат, дар арсаи ҷаҳон ва миёни давлатҳои мутамаддини олам мақоми шоиста ёфтани Тоҷикистони азиз масъулияти бузург бар дӯш доред». Нуктаи мазкур аз ҳар ҷавон масъулияти баландро дар пешрафти кишвари соҳибистиқлоламон тақозо менамояд. Бовар дорам, ки ҷавонон барои аз дастовардҳои илму техникаи муосир, аз таҷрибаи ҷаҳонии пешбурди иқтисодиёт бештар воқиф гашта, бо ташаббускории худ барои пешрафти кишвар ва дар ин замина таҳкими Истиқлолияти кишвар талош менамоянд. Пурарзиштарин иқдоми ҷавонони имрӯза саъю кӯшиши ҷиддӣ дар боби такомули ақлонӣ ва илмӣ бояд бошад. Роҳи ояндаи мо дар суханрониҳо ва баромадҳои сарвари мамлакатамон ба таври возеҳу равшан нишон дода шудааст. Аз ин рӯ, мо дар ин самт роҳ паймуда, ҷавононро низ ба ин роҳ бояд ҳидоят намоем.Мусоҳиб Дилшодаи Хайруллоҳ

Декабрь 10, 2012 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Нақши занони тоҷик дар таҳкими давлатдории миллӣ назаррас аст
Дар остонаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ ҳашари экологии «Тозагии соҳил» гузаронида шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Имрӯз аз нашри нахустин шумораи маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» 19 сол сипарӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ — ВОСИТАИ МУАССИРИ ЭЪТИРОФ. Барои ҳар шахси озодихоҳ неъмате муқаддастар аз он нест
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Бахшида ба Истиқлоли Тоҷикистон ҳамоиши кормандони соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ доир шуд
ТАНТАНАҲОИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат барномаҳои фарҳангӣ доир мегарданд
«МегаФон Life» – доимо дар алоқа, ҳатто вақте ки паёмрасонҳои муқаррарӣ дастнорасанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад