Мақоми телевизиони ҷамъиятӣ дар шароити муосир
Душанбе, 6 декабр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих ). – Бо ибтикори Анҷумани миллии расонаҳои мустақили хабарии Тоҷикистон ва дастгирии шӯъбаи байналмилалии ҳамкории Би – Би – Си 7 декабр дар шаҳри Душанбе мизи мудаввар дар мавзӯи «Мақоми телевизиони ҷамъиятӣ дар рушди гузоришҳои мухталиф ва барномаҳои ҷолиб дар шароити интернет» баргузор мегардад.Дар кори мизи мудаввар сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ Давлаталӣ Назриев, муовини сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон Марк Оудгам, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили хабарии Тоҷикистон Нуриддин Қаршибоев, ҳамчунин коршиноси бахши васоити ахбори оммаи шӯъбаи байналмилалии ҳамкории Би – Би — Си Марек Бекерман иштирок менамоянд.Дар ҷараёни ин чорабинӣ вазифаҳои васоити ахбори оммаи давлатию ҷамъиятӣ дар замони интернет, ҳамчунин гузариш аз пахши ахбори давлатӣ ба ахбори ҷамъиятӣ ва тамобюлҳои рушди сиёсати таҳририи шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон муҳокима мешаванд.








ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ бо донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ баргузор шуд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад






