Маҳдуд кардани ҳифзи ҳуқуқҳои мурофиавӣ

Декабрь 20, 2012 17:17

Душанбе, 20 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонкулова).-Имрӯз таҳти раёсати Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Маҳмудов баррасии дархости шаҳрванд А. Раҷабов «Дар хусуси муайян намудани мутобиқати қисми 5 моддаи 124 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои 14 ва 19 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.Дар кори он намояндагони ваколатдори Маҷлиси миллӣ ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионӣ, намояндагони Суди Олӣ, Прокуратураи генералӣ, Шўрои адлия, Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои адлия ва корҳои дохилӣ ва мутахассисону коршиносони дигар вазорату идораҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Суди конститутсионӣ масъалаи мазкурро ҳаматарафа баррасӣ намуда, қайд намуд, ки фаъолияти мақомоти таъқиби ҷиноят ва судҳо, ки ба салоҳияти онҳо пешбурди таҳқиқ, тафтишоти пешакӣ ва судӣ вогузор шудааст, аз саҳву хатоҳо истисно нест ва вобаста ба ин шикоят намудан ва эътироз овардани санадҳои судӣ ба марҳилаҳои болоии судӣ, ки онҳо маҳз барои ислоҳи камбудиҳое, ки дар фаъолияти марҳилаҳои пешинаи судӣ вуҷуд доштанд, ташкил мешаванд ва аз муҳимтарин ҷараёнҳои демократии мурофиаи судии ҷиноятӣ арзёбӣ мегардад.Бинобар ин, ҳама гуна тартибе, ки ҳуқуқҳои иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятиро дар мавриди ҳифзи ҳуқуқҳои мурофиавии онҳо маҳдуд карда, монеаи ҳифзи боъэтимоди ҳуқуқҳои онҳо мегардад, он ҳамчун маҳдуд кардани кафолати ҳифзи судии муқаррарнамудаи Конститутсия, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории мурофиавӣ ба ҳисоб меравад.Бо назардошти ин Суди конститутсионӣ қисми 5 моддаи 124 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба моддаҳои 14 ва 19 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» номутобиқ ҳисоб намуд.

Декабрь 20, 2012 17:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад