Мардҳо ҳам гирифтори хушунатанд?
Душанбе, 21 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ҷиҳати ҷилавгирии хушунати хонаводагӣ дар Вазорати корҳои дохилии кишвар /ВКД/ воҳидҳои иловагӣ созмон дода шуда, вазифаи штатии нозирони пешгирии зўроварӣ дар оила фаъолият мекунад, гуфт зимни қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зўроварӣ дар оила» Нурулло Орифов –муовини аввали вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ. Мавсуф зикр кард, ки пешгирии зўроварӣ дар оила вазифаи муқаддаси аҳли ҷомеа буда, тамоми кишварҳо ва ҷомеаи байналмилалӣ саъй менамоянд, ки ҷиҳати ҷилавгирӣ аз ин зуҳуроти номатлуб мубориза баранд. Намояндаи мақомоти корҳои дохилии кишвар мегўяд, ки тўли солҳои охир теъдоди муроҷиаткунандагон, ки бар асари хушунати хонаводагӣ зарар дидаанд, аз ҳисоби занон зиёд шудааст. Нисбат ба роҳҳои пешгирӣ аз зўроварӣ дар оила аз ҷониби кормандони вазорат бо аҳолӣ 400 вохўрӣ гузаронида шуд. Инчунин 55 амали ҷиноятӣ вобаста ба хушунати хонаводагӣ ошкор гардида, нисбат ба гунаҳкорон чораҳои зарурӣ андешида шуданд. Муовини аввали вазири корҳои дохилии кишвар афзуд, ки аз ҷониби мақомоти корҳои дохилии кишвар 1075 оилаи номатлуб ба қайд гирифта ва нисбат ба гунаҳкорон парвандаҳои назоратӣ тартиб дода шудааст. Дар ин самт корҳои фаҳмондадиҳӣ идома доранд. Ҳамчунин аз соли 2010 инҷониб барои курсантҳои Академияи ВКД курсҳои махсуси омўзиши зўроварӣ дар оила ҷорӣ карда шуд. Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зўроварӣ дар оила» барои занону мардон баробар амал менамояд, зеро дар баъзе мавридҳо занон нисбат ба мардон хушунат мекунанд. Инро мо дар таҷрибаи кории худ борҳо дидаем, мегўяд Нурулло Орифов. Бояд тазаккур дод, ки бо қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зўроварӣ дар оила» аз ҷониби палатаи поёнии парлумони кишвар ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» ва ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуд. Мувофиқи тағйироти лоиҳаи қонунҳои мазкур, шахсонеро, ки дар оила ва ҷомеа зўроварӣ менамоянд, ҷазои маъмурӣ интизор аст.