Минбаъд хушунати хонаводагӣ ҷилавгирӣ мешавад
Душанбе, 19 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Соли гузашта дар ҷумҳурӣ ақди никоҳи 4 ҳазору 989 оила бекор шуда, шумораи оилаҳои дар соли 2012 аз ҳам ҷудошуда ба 5 ҳазору 756 адад расидааст. Ин матлабро Насрулло Маҳмудов –вакили Маҷлиси намояндагон 19 декабр зимни баррасӣ ва қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зўроварӣ дар оила» дар назди вакилони палатаи поёнии парлумони мамлакат иброз дошт. Насрулло Маҳмудов афзуд, ки бо мақсади таҳияи мукаммали лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зўроварӣ дар оила» аз соли 2010 инҷониб гуруҳи корӣ созмон ёфт. Дар таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур таҷрибаи давлатҳои хориҷӣ, хусусан кишварҳои Шарқи мусулмонӣ, назири Индонезия, Малайзия, Туркия, Эрон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова ва Ўзбекистон мавриди омўзиш қарор дода шуд. Лоиҳаи қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъятиро вобаста ба пешгирии зўроварӣ дар оила танзим намуда, вазифаҳои субъектҳои пешгирикунандаи зўроварӣ дар оиларо муайян менамояд. Ҳадафи асосии лоиҳаи қонуни мазкур ҳимояи ҳуқуқии оила ҳамчун асоси ҷомеа аст. Дар лоиҳаи ин қонун маҷмўи чораҳои ҳуқуқӣ , иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ташкилие, ки аз ҷониби субъектҳои пешгирикунандаи зўроварӣ дар оила амалӣ мешаванд ва ба ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд дар доираи муносибатҳои оилавӣ, пешгирии зўроварӣ дар оила, муайян ва бартараф сохтани сабаб ва хулосаи ба он мусоидаткунанда равона шудаанд, ифода ёфтааст. Субъектҳои пешгирикунандаи зўроварӣ дар оила ниҳодҳои марбутаи кишвар маҳсуб меёбанд. Бояд тазаккур дод, ки хушунати хонаводагӣ зуҳуроти нангин ва номатлуб буда, он ҳуқуқи инсонро поймол менамояд ва ба саломатии ҷисмонию равонӣ, арзишҳои ахлоқӣ ва инкишофи маънавии инсон таъсири манфӣ мерасонад. Қабули лоиҳаи қонуни мазкур барои устувории оилаҳо, тақвияти оиладорӣ ва рушди минбаъдаи насли наврас мусоидат менамояд. Муаллифони лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зўроварӣ дар оила» вакилони палати поёнии парлумони мамлакат Хайринисо Юсуфӣ, Насрулло Маҳмудов, Сабоҳат Муқимова ва шодравон Хадича Ҳакимова буда, он бо назардошти хусусиятҳои миллӣ, ки дар моддаҳои 15 ва 17-и қонун ифода шудааст, таҳия гардидааст.








Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид






