Муҳокимаи масъалаи амнияти маводи ғизоӣ
Душанбе, 14 декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова ). – Дар ноҳияи Рашт мизи мудаввар дар мавзӯи «Таъмини амнияти маводи ғизоӣ дар минтақаҳои кӯҳистони ҶТ» баргузор гардид.Мақсад аз ин чорабинӣ иборат аз муҳокимаи масъалаҳои умумии амнияти маводи ғизоии минтақаҳои кӯҳистони Тоҷикистон ва дарёфти роҳҳои ҳалли онҳо буд. Дар кори мизи мудаввар намояндагони раёсатҳои кишоварзӣ, хоҷагии об ва омори ҳукумати ноҳия, роҳбарони ҷамоатҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ, ҳамчунин олимону мутахассисони намоёни бахши амнияти маводи ғизоии ҷумҳурӣ ширкат доштанд.Раиси ноҳияи Рашт Саидмурод Абдураҳмонов зимни суханрониаш ба масоили мубрами вобаста ба амнияти маводи ғизоии ноҳия, аз ҷумла, истифодаи заминҳои лалмӣ, коҳиш ёфтани ҳосили зироатҳои кишоварзӣ ва монеаҳои роҳи рушди боғдорию чорводорӣ сухан кард.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






