Мубориза бо бемориҳои ғайрисироятӣ

Декабрь 5, 2012 15:49

Душанбе, 5 декабр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Бо ибтикори намояндагии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии ҶТ дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ дар мавзӯи «Идораи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва бемориҳои ғайрисироятӣ» баргузор гардид. Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ коршиноси қароргоҳи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ Шанти Мендис Тоҷикистонро даъват намуд, ки барои ҷилавгирии бемориҳои ғайрисироятӣ ва коҳиш додани таъсири баъди онҳо чораҳои зарурӣ бинад. Шанти Мендис ҳамчунин ҷиҳатҳои мусбати низоми тандурустии Тоҷикистон, аз қабили татбиқи барномаҳои миллии оид ба ҳифзи тандурустии аҳолӣ, ҷилавгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятиро ба таври махсус қайд намуд. Муовини вазири тандурустии ҶТ Соҳибназар Раҳмонов зикр намуд, ки мутаассифона таъсири баъди бемориҳои ғайрисироятӣ, аз қабили бемориҳои қалб ва диабет сол аз сол афзуда, боиси корношоямии беморон мегардад.

Декабрь 5, 2012 15:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад