Муфтӣ аз пеши худ ҳеҷ чиз гуфта наметавонад!

Декабрь 4, 2012 14:47

Душанбе, 4 декабр. (АМИТ «Ховар»). — Баҳс атрофи ришу ҳиҷоб ҳарчанд мавзӯи нав нест, аммо масъалае, ки дар шиносномаҳо акси мардони то 40-сола бо риш қабул карда намешавад ва расми духтарони боҳиҷобро низ барои санади расмӣ қабул намекунанд, боз расонаӣ шуд. Ҷиҳати равшанӣ андохтан ба масъалаи мазкур хабарнигори АМИТ «Ховар» бо Саидмукаррами Абдулқодирзода, раиси Маркази исломии Тоҷикистон мусоҳиба анҷом дод. — Ҷаноби муфтӣ, суоли аввал ин аст, ки хабарҳои ахире, ки дар ВАО дар робита ба оне, ки низомномаи нави гирифтани акс барои шиноснома ва дигар санадҳои расмӣ баррасӣ мешавад, ки масъалаи риш ва ҳиҷобро низ дар назар дорад ва гуфта низ шудааст, ки Шӯрои фатво низ дар робита ба ин «фатво»-е баровардааст, то чӣ андоза ин воқеият дорад? — Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим. Боре кадом як журналист аз тариқи телефон аз мо суол кард, ки дар робита ба пешниҳоди Раёсати фатво дар масъалаи ришу сатр бигӯем, мо гуфтем фарқ надорад, Шӯрои уламо ё маркази исломӣ, вақте муроҷиат мешавад хоҳ аз ҷонибӣ шахсиятҳо, хоҳ аз ҷониби ҷамъият ё аз тарафи кадом сохторе, мо низ дар посух гуфтем ва мегӯем, ки аз ҳар ҷонибе муроҷиат шавад, мо посух медиҳем. Аммо ҷавоб додани Шӯрои уламо мавзӯи нав нест. Мо аз рӯи далелҳои шаръӣ аз китобҳои исломӣ ва фиқҳи ҳанафӣ посух мегӯем. Мутаассифона бархе аз расонаҳо овоза паҳн кардаанд, ки «Кумитаи дин меъёри ришро муайян мекунад», ё «меъёри ришро танҳо кумитаи оид ба корҳои дин муаян мекунад», ки ин воқеият надорад. Чун давлати Тоҷикистон демократӣ ҳаст ва мондани риш ва ё бастани сатр ба худи мардум ва имони онҳо марбут аст. Маркази исломии Тоҷикистон ҳам он чизеро мегӯяд, ки дар мазҳабамон омадааст ва аз пеши худ ҳеҷ чиз гуфта наметавонад. Дини ислом низ динест, ки он чизеро мегӯед, бояд бо далел гӯед, агар далел надошта бошед, гуфтаатон эътибор надорад ё мардуд аст. — Домулло аслан Раёсати фатво чӣ пешниҳод карда буд, ки мегӯед боиси сарусадо шудааст? — Аслан ислом ва масъалагузорӣ дар он тарзе нест, ки кумитаи дин ё Раёсати фатвову Маркази исломӣ тағйирот дарорад, ё чизе пешниҳод кунад. Дар Қуръону ҳадис ҳамаи масъалаҳоро дар робита ба гузоштани ришу ба бар намудани сатр гуфта шудааст ва мо аз он берун рафта наметавонем. Бори дигар бигӯям, ки дар ин масъала на кумитаи дин мехоҳад тағйирот дарорад, на Маркази исломӣ. Чун давлати Тоҷикистон демократӣ, ҳуқуқбунёд аст ва озодии виҷдон, озодии эътиқодро фароҳам овардааст, мардум озодона зиндагӣ ва ибодат мекунанд ва касе монеагузорӣ намекунад. -Бархе мегӯянд бо ришу сатр дар бархе аз идораҳо баъзан мушкил пеш меояд? -Дар ин бора ба мо шикояте наомадааст ва хабар низ надорам, ки сохторе чунин дастур дода бошад -Хуб дар Қуръону ҳадис дар робита ба мондани ришу бастани сатр чи мегӯянд? — Ин чиз муайян шудааст, яъне мондани риш як қабза аст, ҳамон риши суннатие, ки паёмбар (с) мондаанд ва тавсия низ кардаанд. Ба занону модарон низ ислом мегӯяд, бояд бо либоси миллии худ сатри аврат дошта бошанд. Яъне, ислом занҳоро водор мекунад, ки ба ғайр аз кафи даст, чеҳра ва пой дигар узвашонро пӯшонанд ё сатр кунанд. Аммо ин гапи ман нест, ин дар китобҳои фиқҳӣ омадааст ва намешавад инкор кард ва мо низ ҳамин масъалаҳоро мефаҳмонем. Ташаккур барои суҳбат! Мусоҳиб Саидэҳсони Солеҳ

Декабрь 4, 2012 14:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Мегафон Тоҷикистон: «Вақте роҳати хона бештар аст»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
САЙРИ БАДАХШОН. Дар вилоят 647 адад ёдгориҳои таърихӣ, табиӣ ва монументалӣ ҷойгир мебошанд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Дарвоз истеҳсоли картошка 3 баробар, сабзавот 5 ва мева 9 баробар афзоиш ёфтааст
РАҚАМИКУНОНӢ. Маркази тамос барои хизматрасонӣ ба нафақагирон тавассути рақами кутоҳи 3900 фаъол гардид
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Чӣ гуна худ ва атрофиёнро аз чангу ғубор муҳофизат намоем?
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои фоиданокӣ қаламфури булғориро бе коркард, дар шакли тару тоза истифода баред
Дар шаҳри Бӯстон сохтмони корхонаи муосири забҳи парранда идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Бо гузашти 28 сол аҳамияти Ваҳдати миллӣ дар рушди иқтисодии Тоҷикистон бештар эҳсос мешавад
Фаъолияти иҷтимоӣ ва фарҳангӣ яке аз воситаҳои муассири таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад