Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо директори генералии СУС Паскал Лами
Имрӯз дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Шветсария Президенти Чумҳурии Точикистон Эмомалӣ Раҳмон бо директори генералии Созмони умумиҷаҳонии савдо ҷаноби Паскал Лами мулоқоти хоса анҷом дод.Дар оғози суҳбат Президенти Чумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт: «Барои ман басо хурсандиовар аст, ки дар нахустин лаҳзаҳои воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо бо Шумо мулоқот дорам.Мардуми шарафманди Тоҷикистон аз марҳилаи манзур намудани дархост то лаҳзаи узвият ба ин Созмони бонуфузи ҷаҳонӣ аз дастгириву кӯмакҳои самимии Шумо бархурдор буданд.Бо истифода аз фурсати муносиб миннатдории беандозаи худро ба Шумо ва дар симои Шумо ба Котиботи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо баён менамоям, изҳор дошт Президенти Чумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.Чонибҳо аз ҳамкориҳои судманди дуҷониба миёни Чумҳурии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии савдо изҳори қаноатмандӣ намуда, густариши ҳамкориҳоро дар рушду инкишофи Тоҷикистони соҳибистиқлол муҳиму аввалиндараҷа арзёбӣ карданд.Кайд гардид, ки воридшавии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо оғози марҳилаи нави созандагӣ ва идомаи ислоҳоти конструктивӣ дар тамоми ҷабҳаҳои иқтисоди миллӣ, бахусус дар такмил додани низоми тиҷорати озоду шаффоф мебошад.Сарвари давлати Тоҷикистон изҳор дошт, ки итминони комил дорам, ки Тоҷикистон узвият ба ин Созмони бонуфузро ҳамчун иқдоми нек барои таъмини рушди минбаъдаи иқтисодиёт ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии халқи кишвар самаранок истифода хоҳад кард.Президенти Чумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот аз ҷумла таъкид намуд, ки: «мо умедвор ҳастем, ки дар оянда низ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз машварату маслиҳатҳои пайвастаи Котиботи Созмон истифода намуда, аз ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар ин самти барои Тоҷикистон ниҳоят муҳим баҳравар хоҳад гардид.Директории генералии Созмони умумиҷаҳонии савдо ҷаноби Паскал Лами сарвари давлати Тоҷикистонро ба ин санаи муҳиму муҳташам ва фархунда табрик гуфта аз воридшавии Чумҳурии Тоҷикистон ба созмони мазкур изҳори ҳавасмандӣ кард ва изҳор дошт, ки мо омодаем дар дигар соҳаҳо низ ба Тоҷикистон кумак ва мусоидат намоем. Паскал Лами иштироки Президенти Чумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар маросими воридшавии Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдо паёми устувор ва тавоно маънидод кард.Президенти Чумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон андешаву афкори ибрознамудаи Паскал Ламиро барои Тоҷикистон хеле ва хеле муфид арзёбӣ кард.Дар охир сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз Директории генералии Созмони умумиҷаҳонии савдо Паскал Лами даъват ба амал овард, ки барои анҷом додани сафари расмӣ ба Чумҳурии Тоҷикистон ташриф биёрад, Даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.