Мулоқоти минтақавии зиддимухаддиротӣ дар Кобул
Душанбе,11декабр.(АМИТ«Ховар», Фарзона Достонзода).- Мулоқоти минтақавии “Таъсири муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба ҷомеа ва тӯдаҳо дар Афғонистон ва кишварҳои ҳамсояи он – ҷустуҷӯи роҳҳои иҷтимоии муқобилият ба мушкилоти алоқаманд ба мухаддирот” 10 декабри соли равон дар шаҳри Кобул – пойтахти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба кор оғоз намуд. Тавре ки сомонаи расмии АНМН ҶТ иттилоъ медиҳад, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҳамоиш ҷонишини директори Агентии назорати маводи нашъаовар Бунафша Одинаева ширкат дорад. Ҳадафи ин чорабинӣ баррасии масъалаҳои вобаста ба пешгирии нашъамандӣ, ба ҳам овардани кӯшишҳои давлатҳои минтақа ҷиҳати пешгирӣ аз ҷинояткориҳои вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир мебошад. Мулоқоти минтақавӣ бо кӯшиши Вазорати мубориза бо маводи мухаддири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва намояндагии Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Афғонистон баргузор мегардад.








Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар заминҳои кишоварзӣ яхҷуфт идома дорад






