Мулоқоти минтақавии зиддимухаддиротӣ дар Кобул

Декабрь 11, 2012 11:12

Душанбе,11декабр.(АМИТ«Ховар», Фарзона Достонзода).- Мулоқоти минтақавии “Таъсири муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба ҷомеа ва тӯдаҳо дар Афғонистон ва кишварҳои ҳамсояи он – ҷустуҷӯи роҳҳои иҷтимоии муқобилият ба мушкилоти алоқаманд ба мухаддирот” 10 декабри соли равон дар шаҳри Кобул – пойтахти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба кор оғоз намуд. Тавре ки сомонаи расмии АНМН ҶТ иттилоъ медиҳад, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҳамоиш ҷонишини директори Агентии назорати маводи нашъаовар Бунафша Одинаева ширкат дорад. Ҳадафи ин чорабинӣ баррасии масъалаҳои вобаста ба пешгирии нашъамандӣ, ба ҳам овардани кӯшишҳои давлатҳои минтақа ҷиҳати пешгирӣ аз ҷинояткориҳои вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир мебошад. Мулоқоти минтақавӣ бо кӯшиши Вазорати мубориза бо маводи мухаддири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва намояндагии Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Афғонистон баргузор мегардад.

Декабрь 11, 2012 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад