Мулоқоти Р.Солиев бо роҳбарияти сиёсии Люксембург
Душанбе, 24 декабр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Гертсоггарии Бузурги Люксембург Рустамҷон Солиев дар ҷараёни сафари кориаш ба шаҳри Люксембург бо роҳбарияти олимақоми сиёсии ин кишвар чанд мулоқот анҷом дод.Аз ҷумла, Рустамҷон Солиев ва Сарвазири Люксембург Жан – Клод Юнкер масоили ҳамкории дуҷонибаро мавриди муҳокима қарор доданд. Сипас мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо вазири корҳои хориҷии Люксембург Жан Асселборн баргузор гардид. Ҷонибҳо зимни мубодилаи афкор масоили мубрами муносибатҳои дуҷониба ва минтақавиро муҳокима намуданд. Сафири Тоҷикистон ҳамчунин бо раиси Палатаи намояндагони Люксембург Лоран Мозар мулоқот намуд. Мусоҳибон имконияти роҳандозӣ ва рушди равобити байнипарлумонии ҳар кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.Дар ҷараёни мулоқоти Рустамҷон Солиев бо директори генералии Палатаи савдои Люксембург Пер Грамегна масоили барқарор намудани равобити дуҷонибаи тоҷирон, ташкили ҳамоиши соҳибкорони ҳар ду кишвар ва ҳамкории судманд дар бахши сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.Дар ин бора аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






