Муроҷиати шаҳрвандон ба Агентии ҳифзи иҷтимоӣ

Декабрь 13, 2012 17:06

Душанбе, 13 декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Тайи 10 моҳи соли ҷорӣ беш аз 92 ҳазор нафар шаҳрвандон ба Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати ҶТ барои расонидани кӯмак муроҷиат кардаанд. Дар ин давра 55 ҳазору 536 нафар шаҳрвандони бекор ба қайд гирифта, 36 ҳазору 618 нафари онҳо расман чун шахсони бекор эътироф шудаанд.Дар давоми 10 моҳи соли равон бо мадади мақомоти шуғли аҳолӣ 30 ҳазору 800 нафар бо кор таъмин гардид, ки онҳо 33,5 фоизи теъдоди ҳамаи шаҳрвандони муроҷиаткардаро ташкил медиҳанд. Сабабҳои асосии бо кор таъмин гардидани теъдоди ками шаҳрвандон маълумоти касбию техникӣ надоштани онҳо, ҳамчунин кам будани ҳаҷми маошест, корфармоён ба онҳо медиҳанд.Тайи 10 моҳи гузашта 6 ҳазору 228 нафар бекорон ба маблағи умумии 1 миллиону 424 ҳазору 714 сомонӣ ёрдампулӣ гирифтаанд. Бо назардошти бақияи соли 2011 то 1 ноябри соли 2012 — ум 76 ҳазору 800 нафар дар қайди хадамоти Агентӣ қарор доранд. Мувофиқи маълумоти Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати ҶТ, тайи 10 моҳи соли ҷорӣ беш аз 119 ҳазор ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда шуданд, ки ин назар ба 9 моҳи аввали соли 2012 баробари 6 фоиз зиёд аст.

Декабрь 13, 2012 17:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад