Роҳандозии барномаи ҷилавгирии тарки мактаб кардани хонандагон
Душанбе, 13 декабр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров ). – Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) аз роҳандозии барномаи таҷрибавӣ ҷиҳати ҷилавгирии тарки мактаб намудани хонандагони мактабҳои вилояти Хатлон хабар дод. Дар ин чорабинӣ Сафири ИМа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сюзан Эллиот, вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саидов ва шахсони дигари расмии вазорати маориф ширкат доштанд.Тавре ки аз Сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, дар маросими ифтитоҳи расмӣ дар мактаби рақами 2 – и ноҳияи Данғара барномаи коҳиш додани сатҳи тарки мактаб намудани хонандагони синфи 9 – ум расман роҳандозӣ шуд. Сюзан Эллиот зикр намуд, ки агар хонанда таҳсилоташро дар мактаб пурра анҷом диҳад, имконияти бештари бо кор таъмин шуданро пайдо менамояд. Барномаи таҷрибавии ҷилавгирии тарки мактаб намудани хонандагон якҷоя бо мансабдорони вазорати маориф ва намояндагони макотиб тарҳрезӣ шудааст.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад






