Садамаҳои нақлиётӣ дар Хатлон
Қӯрғонтеппа, 11 декабр. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). – Аз оғози сол дар роҳҳои вилояти Хатлон 338 садамаи нақлиётӣ рух додааст. Тавре ки нозири калони давлатии гурӯҳи ташвиқу тарғиботи Бозрасии Давлатии Автомобилии вилояти Хатлон Ёрмаҳмад Давлатов ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, бар асари ин ҳодисаҳо 113 нафар ҳалок гардида, 368 нафар захм бардоштааст. Сабаби аксарияти садамаҳои нақлиётӣ риоя нашудани ҳаракат дар роҳ, вусъат додани суръати ҳаракати нақлиёт ва аломатҳои роҳро ба назари эътибор нагирифтани ронандагон аст.