Сафари кории Э,Раҳмон ба Маскав
Душанбе, 19 декабр (АМИТ «Ховар»).- Шоми рӯзи 18-уми декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҳамоишҳои навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё аз шаҳри Анқараи Ҷумҳурии Туркия ба шаҳри Маскави Федератсияи Русия рафт.Дар ҳамоишҳои сарони давлатҳои ин ду созмони қаламрави пасошӯравӣ, мутаносибан масоили амнияту субот дар минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла авзои кунунӣ ва ояндаи Афғонистон ва масъалаҳои рушди ҳамкории иқтисодӣ ва механизмҳои муттаҳидсозии имконоти муштараки давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё баррасӣ мешавад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






