Сарфарозии вакилон бо медали АБ ИДМ

Декабрь 17, 2012 16:46

Душанбе, 17 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия», «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро аъзои Шўрои палатаи поёнии парлумони мамлакат 17 декабр дар ҷаласаи Шўрои Маҷлиси намояндагон баррасӣ намуданд.  Ҳамзамон аъзои Шўро масъалаҳои марбут ба гузаронидани муҳокимаи парлумонии иҷрои «Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2012 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия» дар самти татбиқи «Барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи нерўгоҳҳои хурди барқӣ дар давраи солҳои 2009 2020» дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ШСХК «Барқи тоҷик»-ро матраҳ намуданд. Дар анҷоми ҷаласа Шукурҷон Зуҳуров -раиси Маҷлиси намояндагон ба муовини раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Назира Fаффорова, раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Амир Каттаев, Хайринисо Юсуфӣ, Амирқул Азимов, вакилони Маҷлиси намояндагон Сабоҳат Муқумова, Рустам Латипов, Насрулло Маҳмудов ва Лутфулло Саидмуродов медалҳои ҷашнии «20- солагии Ассамблеяи Байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» ва ифтихорномаҳои Ассамблеяи мазкурро тақдим намуд.

Декабрь 17, 2012 16:46

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд