Техникаи нави коммуналӣ барои аҳолии Суғд
Душанбе, 3 декабр. (АМИТ «Ховар»). – Директори Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) Дар Тоҷикистон Кэтлин Макдоналд дар маросими супурдани се мошини махсуси ахлотғундорӣ ба ҷамоатҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иштирок намуд. Мақомоти маҳаллии ҳокимият ҳангоми таҳияи нақшаҳои безарар гардонидани ахлотҳо ва ташкили сохторҳои хоҷагиҳои коммуналии деҳот ин ибтикори агентии зикршударо дастгирӣ менамоянд. Хоҷагиҳои коммуналӣ ду сол боз ба аҳолӣ, макотиби таҳсилоти умумӣ, беморхонаҳо ва корхонаҳои шахсӣ мунтазам хидмат мерасонанд.Лоиҳаи Агентии USAID барои ҷамъ овардан, интиқол додан ва безарар гардонидани ахлот боз ба панҷ ноҳияи Тоҷикистон хидмат расонид. Ҳоло дар асоси лоиҳаи мазкур 8 ноҳияи вилояти Суғд мошинҳои нави ахлотғундорӣ ба даст овардаанд.Дар ин бора аз Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад






