Тоҷикистон – кишвари пешбарандаи равандҳои ҷаҳонии об

Декабрь 26, 2012 11:22

Душанбе, 26 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 21 декабри 2012 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаеро таҳти унвони «Татбиқи Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об-2013» қабул кард. Ин қатънома аз ҷониби ҳайати Тоҷикистон дар СММ дар чаҳорчӯби банди 20-уми рӯзномаи Маҷмаи Умумии СММ, ки «Рушди устувор» ном дорад, таҳия ва пешниҳод гардида буд. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи тадорукот ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва гузаронидани тадбирҳо дар доираи Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об-2013 тасдиқ гардид. Мутобиқи ин Нақша таъсиси Кумитаи байналмилалии ҳидояткунанда ҷиҳати омодагӣ ва гузаронидани чорабиниҳо дар доираи Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об-2013 бо ҷалби ташкилотҳои дахлдори СММ ва олимону коршиносони хориҷӣ, ташкили ҷаласаи махсус оид ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи об дар Рӯзи ҷаҳонии об (22 марти соли 2013) дар СММ, ташкили ҷаласаи махсус оид ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи об дар доираи Ҳафтаи ҷаҳонии об (августи соли 2013) дар Стокголм, ташкили конфронсу семинарҳо доир ба масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳо дар соҳаи об дар сатҳи ҷумҳуриявӣ, баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи об дар шаҳри Душанбе, гузаронидани озмунҳои гуногун миёни донишҷӯён ва мактаббачагон дар мавзӯи «Тоҷикистон – ҷонибдори ҳамкорӣ дар соҳаи об» ва чопи китоби махсус таҳти унвони «Тоҷикистон – кишвари пешбарандаи равандҳои ҷаҳонии об» дар назар аст. Маврид ба ёдоварист, ки соли 2013 ҷомеаи байналмилалӣ бино бар қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ 65/154, ки муаллифи он низ Тоҷикистон аст, Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи обро қайд мекунад. Бори нахуст пешниҳод дар бораи эълон кардани Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми V-уми ҷаҳонии об, ки дар Истанбул моҳи марти соли 2009 баргузор шуда буд, садо дод. Ба рӯйхати бониёни қатъномаи мазкур 48 кишвар, ки қитъаҳои гуногуни ҷаҳонро намояндагӣ мекунанд, ҳамроҳ шуданд. Бояд гуфт, ки бо иттифоқи оро қабул гардидани қатънома бори дигар нишон дод, ки ташаббусҳои Тоҷикистон дар мавзӯи об аҳаммияти ҷаҳонӣ дошта, мавриди таваҷҷуҳ ва пуштибонии кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид қарор доранд.

Декабрь 26, 2012 11:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Нақши занони тоҷик дар таҳкими давлатдории миллӣ назаррас аст
Дар остонаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ ҳашари экологии «Тозагии соҳил» гузаронида шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Имрӯз аз нашри нахустин шумораи маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» 19 сол сипарӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ — ВОСИТАИ МУАССИРИ ЭЪТИРОФ. Барои ҳар шахси озодихоҳ неъмате муқаддастар аз он нест
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Бахшида ба Истиқлоли Тоҷикистон ҳамоиши кормандони соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ доир шуд
ТАНТАНАҲОИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат барномаҳои фарҳангӣ доир мегарданд
«МегаФон Life» – доимо дар алоқа, ҳатто вақте ки паёмрасонҳои муқаррарӣ дастнорасанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад