Воридоти маҳсулоти нафту газ ба ҷумҳурӣ

Декабрь 20, 2012 15:11

Душанбе, 20 декабр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Тибқи маълумоти мавҷуда, дар 11 моҳи соли ҷорӣ ба ҷумҳурӣ ба миқдори 73823,2 тонна гази моеъ ворид шудааст, аз ҷумла ҶДММ Тоҷирон – 1782,4 тонна, Газпромнафт- Тоҷикистон -24026,2 тонна, ҶДММ «Зет – Газ» — 10635,5 тонна, ҶСП «Фароз» — 25640,1, ҶДММ «Муҳаммад Пӯлод» – 11739 тонна ва соҳибкор Ҳоҷибоев – 2175,8 тонна ворид кардаанд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 29260,3 тонна зиёд мебошад. Тибқи иттилои котиботи Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ дар айни замон мувофиқи маълумоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва соҳибкорони ватанӣ дар ҷумҳурӣ то 1 декабри соли 2012, 585 адад нуқтаи фурӯши гази моеъ фаъолият дошт, ки назар ба соли гузашта 75 адад зиёд буда, дар ин бахш бештар аз 750 ҷои кории нав ташкил шудааст. Бояд қайд кард, ки дар 11 моҳи соли 2012 аз тарафи корхона, ҷамъият ва соҳибкорони ватанӣ ба ҷумҳурӣ 329 208 тонна маҳсулоти нафтӣ ворид шудааст, аз ҷумла: бензин – 141 455 тонна, сӯзишвории дизелӣ – 112 973 тонна, сӯзишвории реактивӣ – 49 419 тонна, мазут – 5 313 тонна, битум – 9 816 тонна, равғанҳои молиданӣ – 10 199 тонна ва дигар намудҳои маҳсулоти нафтӣ – 33 тонна.Маҳсулоти нафтӣ аз ҷумҳуриҳои: Русия – 192 470 тонна (58,5%), Туркманистон – 59 394 тонна (18,0%), Қирғизистон – 41 233 тонна (12,5%), Қазоқистон – 12 305 тонна (3,74%), Ӯзбекистон – 7 141 тонна (2,17%), аз дигар давлатҳо – 16 665 тонна (5,09%) ворид шудааст. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Декабрь 20, 2012 15:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид