$11 млн. ҷиҳати паст кардани сатҳи камбизоатӣ

Январь 14, 2013 15:39

Душанбе, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрўз дар шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Матлубхон Давлатов, муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи муштараки аъзои Кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ва баргузор намудани вохўрии 38-уми Шўрои мудирони Бонки Исломии Рушд (БИР) баргузор гардид, ки дар он ҳайати намояндагони Бонки исломии рушд таҳти роҳбарии Аҳмад Тиктик, ноиби Президенти БИР иштирок намуданд.Аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҷаласа корҳои омодагӣ ҷиҳати баргузории вохўрии мазкур, ки 18-22 майи соли 2013 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, мавриди муҳокима қарор дода шуданд. Ҷонибҳо изҳор намуданд, ки ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани вохўрии мазкур тадбирҳои зарурӣ меандешанд.Дар интиҳои ҷаласа маросими имзои «Ёддошти тафоҳум оид ба шарту шароит ҷиҳати омодагӣ ва баргузории вохўрии 38-уми Шўрои мудирони Бонки исломии рушд дар ш. Душанбе, 18-22 майи соли 2013» баргузор гардид.Ёддошти тафоҳумро аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Давлатов, муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ҷониби Бонки Исломии Рушд Аҳмад Тиктик, ноиби президенти Бонки Исломии Рушд баимзо расониданд.Ҳамзамон маросими имзои Созишнома ҷиҳати маблағгузории «Барномаи таҳсилоти касбӣ ва техникӣ ҷиҳати паст намудани сатҳи камбизоатӣ» баргузор гардид.Созишномаро вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов ва ноиби президенти Бонки исломии рушд Аҳмад Тиктик имзо намуданд.Ҳаҷми умумии маблағҳои лоиҳа 11,0 млн. доллари амрикоӣ буда, аз ҷумла 9,9 млн. доллари амрикоӣ қарзи Бонки исломии рушд ва 1,1 млн. доллари амрикоӣ саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.Анҷоми татбиқи барнома дар соли 2016 дар назар дошта шудааст.

Январь 14, 2013 15:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст