Ҳамкориҳои Тоҷикистон бо КБМ вусъат меёбанд

Январь 7, 2013 21:09

Душанбе, 7 январ. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим)- Шоми имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ Димитрис Ситсирагосро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили муҳими марбут ба бахшҳои иқтисодиву молиявӣ ва ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ин ниҳоди мӯътабари байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Зикр шуд, ки таҳи чанд соли охир Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ ҳамкориҳои худ бо Тоҷикистонро зич ба роҳ монда, дар самти пиёда сохтани якчанд лоиҳаҳои дорои таъйиноти гуногун сармоягузорӣ кардааст. Димитрис Ситсирагос дастовардҳои Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисоду молияро назаррас унвон намуда, таъкид намуд, ки шомил гардидани Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо дар самти густариши ҳамкориҳои кишвар бо созмону ниҳодҳои молиявию иқтисодии умумиҷаҳонӣ нақши муайян хоҳад гузошт.  «Азбаски Тоҷикистон яке аз шарикони муҳими Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ дар минтақа ба ҳисоб рафтаву намояндагии Корпоратсия дар шаҳри Душанбе амал менамояд, аз ин лиҳоз мо ҷиҳати сармоягузорӣ ва татбиқи якчанд лоиҳа дар Тоҷикистон ҳавасмандем» — иброз дошт Димитрис Ситсирагос. Чун масъалаи таъмини амнияти озуқавории аҳолии мамлакат яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳад, аз ин рӯ, ин масъала яке аз мавзуоти меҳварии мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Димитрис Ситсирагосро ташкил дод. Димитрис Ситсирагос таъмини амнияти озуқавориро масъалаи мубрами байналмилалӣ хонда, иброз дошт, ки ҷонибҳо саъй хоҳанд кард, то ҳамкориҳоро дар ин самт беш аз пеш тақвият диҳанд. Ба иттилои Димитрис Ситсирагос дар ин мулоқот дар баробари дигар масъалаҳо масъалаи таъмини ҷойҳои корӣ ва коркарди канданиҳои фоиданок дар дохили кишвар баррасӣ гардиданд. Димитрис Ситсирагос таъкид дошт, ки дар ин ҷода Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ бо Тоҷикистон лоиҳаҳои бузургеро пиёда хоҳад кард. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ҳамгироии минтақавиро дар самти рушди минтақа муҳим арзёбӣ намуд.

Январь 7, 2013 21:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад