248 иншооти соҳаи маориф мавриди истифода қарор гирифт
Душанбе, 7 январ. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода). – 7 январ дар нишасти матбуотии ҷамъбастӣ вазири маорифи ҶТ Нуриддин Саидов иттилоъ дод, ки «дар соли 2012 аз ҳисоби тамоми манбаъҳои маблағгузорӣ дар ҷумҳурӣ 248 иншооти соҳаи маориф сохта ва мавриди истифода қарор дода шуд, ки нисбат ба соли 2011 ба миқдори 37 иншоот зиёдтар аст. Маблағи умумии иншоот 319 миллиону 908 ҳазор сомониро ташкил медиҳад». Вазири маориф инчунин зикр намуд, ки соли гузашта дар ҷумҳурӣ зиёда аз 30 муассисаи миёнаи маълумоти умумӣ мавриди таъмири асосӣ қарор гирифтанд. Н.Саидов таъкид кард, ки дар ин давра ба шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 103 номгӯй маводи таълимӣ ба миқдори зиёда аз 2 млн. нусха ба маблағи 22 миллиону 519 ҳазору 712 сомонӣ расонида шуд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






